Саҳми занон дар рушди илм
«Илм меҳвари асосии рушди ҳар як кишвар мебошад ва олимон захираи бузурги зеҳнии ҳар як ҷомеа маҳсуб меёбанд».
Эмомалӣ Раҳмон
Дар воқеъ асоси пешрафти ҳар як қавму халқият бевосита аз вусъат ва самаранокии фаъолияти илмии олимони миллат вобастагии амиқ дорад.
Бо қарори Созмони Милали Муттаҳид 11-уми феврал «Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм» эълон гардида, он ҳамасола бо шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Ба хотири болоравии савияи маърифати аҳолии кишвари азизамон аз ҷониби роҳбарияти мамлакат, ба хусус сарвари олии он, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода мешавад. Президенти кишвар дар ироаи ҳамасолаи Паёмҳои худ таъкидан илмро меҳвари асосии рушди кишвар ва олимонро захираи зеҳнии ҷомеа муаррифӣ менамоянд.
Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Рӯзи байналмилалии занону духтарон дар илм бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва АМИ ҶТ дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Саҳми занон дар рушди илм» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар конференсияи мазкур мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳаммадӣ Сафолзода, муовини Раиси МН МОҶТ, д.и.техникӣ Мансурӣ Дилрабо, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, Президенти Академияи миллии илмҳои ҶТ Фарҳод Раҳимӣ ва намояндагони самтҳои мухталифи илми кишвар-номзадону докторони илмҳо, унвонҷӯҳо, аспирантон ва ғайра ҳузур доштанд.
Конференсия дар се бахш: бахши 1- “Саҳми занони олима дар рушди илмҳои дақиқ”; бахши 2- “Саҳми занон дар рушди илмҳои тиб” ва бахши 3 - “Саҳми занон дар рушди улуми иҷтимоӣ” баргузор гардид.
Боиси зикр аст, ки дар Конференсия мутахассиси бахши маркетинги иҷтимоии Хадамоти ректори донишгоҳ Сулаймонова Насима Салоҳиддиновна дар асоси пешниҳоди мақолаи илмии худ таҳти унвони “Саид Имодаддин Насимӣ ва ашъори форсӣ-тоҷикии ӯ” ширкат варзида, дар интиҳо дар қатори якчанд нафар иштирокчии Конференсия, аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар кори Конференсияи ҷумҳуриявии “Саҳми занон дар рушди илм” бо Сертификат сарфароз гардонида шуд.
Бахши Маркетинги иҷтимоии Хадамоти ректори донишгоҳ