Рӯзи Президент

Рӯзи Президент
Санаи 16-уми ноябри соли 2019 дар кафедраи бемориҳои дарунии №3 ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президент гузаронида шуд. Дар он намояндагони раёсати донишгоҳ, намояндагони раёсат ва кормандони МД ММТ ҶТ “Шифобахш”, кормандони кафедра, ординаторони клиникӣ, интернаҳо ва донишҷӯёни курси 6 иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо сурудани Гимни давлатӣ оғоз гашта, бо филми мустанад анҷомид. Дар чорабинии сиёсии мазкур меҳмонон ва шунавандагон баромади мудири кафедра, д.и.т., дотсент Мустафақулова Н.И., мутасаддӣ оид ба тарбия, муаллими калон Гадоев С.Ҳ., донишҷӯёни курси 6-ум: Азимова Саидахон, Саидзода Амина ва Ҷабборова Шаҳнозаро бо кафкӯбиҳои зиёд пазируфтанд. Баромади маърӯзачиён бо эҳсосоти меҳанпарварона, ҳисси баланди миллӣ ва қироати шеърҳои гуворо пешкаши ҳозирин гардид.

16.11.2019 69