ПЕШВОИ СУЛҲОВАР

ПЕШВОИ СУЛҲОВАР

ПЕШВОИ СУЛҲОВАР
Дар замири ҷавонони кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ҳамчун  асосгузори давлати навини тоҷикон ва муаррифгари асили миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ нақши воло дорад.

Аз ин лиҳоз, ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 14.11.2019 дар толори лексионии факултети тиббӣ ҷамъомади  тантанавӣ-маърифатӣ миёни устодону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

Дар ҷамъомад сармутахассиси шуъбаи тарбия ва фарҳанг-Ҳафизов Т.С., мутахассиси шуъбаи тарбия ва фарҳанг-Мирзои Саид, сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ –Шарипов Қ.О., муовинони декани факултети тиббӣ оид ба тарбия-Бурҳонова З.У., Мансуров Ҳ.Н., Ахмедов Ф.С., Раҳимова Д.С. ва муаллими кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ-Абдураҳмонов З.В. иштирок доштанд.

Ҷамъомадро  сармутахассиси  шуъбаи  тарбия  ва фарҳанг  Ҳафизов Т.С. кушода, мақсади асосии имрӯза вохӯриро ба ҳозирин шиносонид. Ҳафизов Т.С. зимни суханрониҳои пурмуҳтавои худ, ки шуҷоатмандию ғамхориҳои сарвари кишварро фаро мегирифт, ба донишҷӯён талқин дод, то аз тамоми шароитҳои барои донишандӯзии онҳо аз ҷониби Президенти кишвар ва роҳбарияти донишгоҳ  муҳайёгардида самаранок истифода бурда, барои боз ҳам ободу зебо ва маъруф кунонидани ин сарзамини биҳиштосо камари ҳиммат банданд.

Сипас, бо даъвати Ҳафизов Т.С. сардори шуъбаи кор бо ҷавонон Шарипов Қ.О., устоди кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Абдураҳмонов З.В. ва муовини декани факултети тиббӣ оид ба тарбия Бурҳонова З.У. ба сухан баромада, доир ба кушишҳои самараовари сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мавқеи кишварамон дар арсаи ҷаҳон андешаҳои пандомӯз ва ибратбахше оварданд.

Дар фарҷоми ҷамъомад миёни устодону донишҷӯён суҳбати озоду хотирмоне оид ба роҳбарии Сарвари имрӯзи тоҷикони ҷаҳон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт ва донишҷӯён бо қаноатмандӣ аз он бархӯрдор гаштанд.

Шуъбаи тарбия ва фарҳанг

15.11.2019 35