ПАЁМ РАҲНАМОСТ

ПАЁМ РАҲНАМОСТ

         02.04 соли 2021 бо донишҷӯёни курси 6 гурӯҳҳои 9 то 16 факултети тиббӣ дар толори хониши бинои 6 МД ММТ ҶТ” оиди Паёми имсолаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ гузаронида шуд.

         Раиси шӯрои бонувон Ҳоҷиева Г.Б. қайд намуд, ки Президенти кишвар диққати асосиро ба соҳаи илму маориф, ташкил намудани шароити зарурӣ, беҳтар кардани сатҳи сифати таълим дар ҳама зинаҳои таҳсилот дода, қайд намуд, ки масъулияти падару модар, ҷомеа омӯзгоронро боз ҳам баландтар бардоштан лозим аст. Вазифаи донишҷӯён фақат хондан ва мутахассиси хуб шудан аст. Дар замони муосир яке аз вазифаҳои асосӣ ин баланд бардоштани сатҳу сифати омeзиши фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ мебошад. Илми тоҷикро равнақ додан лозим аст.

         Муаллимаи калони кафедраи ҷомеашиносӣ Амонова Сабоҳат дар бораи Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 январи соли 2021) оид ба расидан ба ҳадафҳои стратегӣ-таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, ба масъалаҳои илм ва маориф диққати аввалиндараҷа додани Пешвои миллат суханронӣ намуд. Инчунин, мавсуф аз хусуси дар соҳаи тандурустӣ бо талошу заҳматҳои зиёди табибон паси сар шудани бемории асри XXI COVID-19 ва ба мукофотҳо сазовор гардидани онҳо {арф зад. Ҳоло дар соҳаи тандурустӣ 68,0% бонувон кор ва фаъолият мекунанд, ки ин аз тваxxу{и зиёди давлату [укумат ба баробарҳуқуқии гендерӣ гуво{b меди{ад. Бояд ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст надода, Ватани худро дӯст доранд, дар озмунҳо, олимпиадаҳо иштирок намоянд, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гарданд.

Шӯрои бонувон


05.04.2021 360

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php