ПАЁМ – РАҲНАМОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ ХАЛҚ
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ имсол ба даврае рост омад, ки тамоми ҷаҳонро бемории сироятии каронавируси нави навъи «COVID-19» ба ташвиш овардааст. Хушбахтона аввалин муждаи Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсола ин аз аввали соли 2021 сироят наёфтани шаҳрвандони кишвар ба ин беморӣ мебошад. Албатта саломатии миллат бойгарии асосии давлат буда, дигар самтҳои асосии сиёсати созандаи роҳбарияти олии сиёсии мамлакатамон давра ба давра амалӣ шуда истодааст.
Ба чунин ҳадаф санаи 08.02.2021 ва ба хотири расонидани паҳлуҳои асосии Паёми сарвари давлат дар хобгоҳи № 5 чорабинӣ бо иштироки мутахассиси шуъбаи тарбия Мирзои Саид, муовини декани факултети тиббӣ оид ба донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда Иргашева Ҷ.З. ва муовини декани факултети тиббӣ оид ба тарбия Арабзода С. доир гардид. Дар суханрониҳои худ масъулин 4 ҳадафи стратегии Ҳукумати кишвар ва сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба таври равшан ба донишҷӯён шарҳ доданд. Дар навбати худ донишҷӯёни хобгоҳ, ки тибқи квотаи Президентӣ дар донишгоҳ таҳсил доранд барои ғамхории падаронаи роҳбари давлат изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки 30 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо хониши аъло ва интизоми намунавӣ истиқбол хоҳанд гирифт.
Шуъбаи тарбия