Оташи ҷашни Сада оташи меҳри ватан аст

Оташи ҷашни Сада оташи меҳри ватан аст
Пойдорию нуфузи ҳар як миллат беш аз ҳам ба маҳфуз доштани забону фарҳанг ва расму оинҳояш марбут аст. Суханро бо гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз намудан низ ба маврид мебошад. Зеро баъди расидан ба истиқлолияти миллӣ халқи тоҷик ва тоҷикистониён тавонистанд, ки дар кишвар ва бурун аз он як қатор суннатҳо ва ҷашнҳои миллии ниёгонамонро аз нав эҳё намоянд. Албатта дар он саҳми сарвари бонангу ори мо-тоҷикон, Президенти кишвар-Эмомалӣ Раҳмон аввалиндараҷа мебошад. Баъди соҳибистиқлол гардидани ватани азизамон ва ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани ин шахси ватандӯсту бонангу ор тоҷикон аз нав дар арсаи ҷахон бо даштани таърихи қадим ва фарҳангу оинҳои воло муаррифӣ гардиданд. Бо таълифи асари бисёрҷилдаи «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Забон – ҳастии миллат» ва дигар нигоштаҳои мазмуни ватандӯстию худогоҳидошта сарвари давлатамон бори дигар исбот намуд, ки мо-мардуми тоҷик гузаштаи ниҳоят қадимӣ дорем. Гуфтан бо маврид аст, ки маҳз бо ташаббуси Президенти кишвар ва таълифи асарҳои ҳуввияти миллидошта расму оинҳои қадимаи аҷдодонамон, ки барои рушду такомули тамаддуни башарӣ хидмат намуданд, аз нав эҳё гардиданд. Дар ин мисол метавон се ҷашни миллии тоҷикон –Наврӯз, Меҳргон ва Сада-ро ном бурд. Ин ҷашнвораҳоро, ки рӯз ва фаслҳои махсуси худро доранд, аҳолии кишвар бо самимият истиқбол ва таҷлил менамоянд. Дар такя ба гуфтаҳои боло қайд кардан ба маврид аст, ки санаи 25-уми январи соли ҷорӣ дар «Боғи зимистона»-и МТ шаҳраки «Шифобахш»-и МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» ба муносибати таҷлили ҷашни Сада чорабинии илмӣ, фарҳангӣ ва маърифатии бошукуҳе баргузор гардид. Дар чорабинӣ Муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ-методӣ, д.и.т., профессор Ибодзода Саидмуқим Тиллохӯҷа, Муовини ректор оид ба тарбия, н.и.т, дотсент Қурбонбекова Парвина Қамчибековна, мудирон ва устодони кафедраҳои таълимӣ, инчунин донишҷӯён иштирок намуданд. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ-методӣ Ибодзода Саидмуқим Тиллохӯҷа оғоз гардид. Саидмуқим Тиллохӯҷа сараввал табрикоти ректори донишгоҳ, д.и.т. профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Курбоналиро ба аҳли ҷамъомада расонида, сипас, оид ба мақеи ҷашнҳои миллӣ дар замони истиқлолият ва таърихи пайдоиши онҳо мухтасар маълумот доданд. Мавсуф иброз доштанд, ки маҳз бо шарофати истиқлолияти кишвар ва пойдории ваҳдати миллист, ки имрӯзҳо халқи тоҷик боз аз нав муаррифии ҷаҳониён гашта истодааст. Ва бояд ба қадру манзалати ин падидаҳои хуш, ба хусус сиёсати хирадмандонаи сарвари давлатамон расид. Дар интиҳои сухан, Ибодзода С.Т. бори дигар ҳамаи ҷамъомадагонро ба ҷашни Сада муборакбод гуфта, ба ҳама комёбию тансиҳатӣ таманно намуд. Сипас бо даъвати ровии чорабинӣ омӯзгори кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика Бурҳонова Зебо Умроновна дар мавзӯи «Ҷашни Сада аз назари илми биология», омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ н.и.таърих, дотсент Абдураҳмонов Зеваршо Вафоназарович-дар мавзӯи «Сада-ифодакунандаи таърих ва тамаддуни мардуми ориёитабор», омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Сафарова Матлуба Ҷунайдовна-дар мавзӯи «Ҷанбаҳои фарҳангӣ-ахлоқии ҷашни Сада», донишҷӯи курси 2-юми факултети стоматологӣ Наҷмуддинов Саттор, таҳти роҳбарии омӯзгори кафедраи забони тоҷикӣ Суфиева Гулбону Аҳмадовна, - дар мавзӯи «Сада садро кушояд сӯи Наврӯз» маърӯзаҳо намуданд. Дар интиҳо, дастагули суруду мусиқии аъзои дастаи «Шифо» ба чорабинӣ фазои фарҳангию идона бахшида, табъи ҳозиринро бештар болида сохт. Бояд иброз дошт ки дар банду басти ин ҷамъомад саҳми Шуъбаи фарҳанги донишгоҳ хело назаррас мебошад. Сенарияи чорабинӣ аз ҷониби Сардори шуъбаи фарҳанг-Файзов Э.М. дар якҷоягӣ бо Сардори Хадамоти ректор-Носирӣ Қ.Н. мураттаб ва барои тасдиқ пешниҳод карда шуд. 
 Шуъбаи фарҳанг

25.01.2020 165