ҶОИЗА МУБОРАК!

ҶОИЗА МУБОРАК!

Раёсати МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» донишҷӯёи курси чоруми факултети тиббӣ Тошматова Дилбарро барои сазовори Дипломи иштирокчии даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон» гардиданашон сидқан муборакбод намуда, барои ин шогирди сазовор дар оянда низ бурдбориҳоро орузу менамоянд.

Қобили қайд аст, ки тибқи талаботи озмун довталаб бояд на камтар аз 30 роман хонда бошад, вале Дилбар 70 романро аз худ намудааст. Боиси ифтихор аст, ки мувофиқи муқаррарот бояд ҳар як довталаб на кам аз 20 ҳикояву новелларо медонист, аммо Дилбар 200 ҳикояву новелларо мутолиа намудааст.

Дилбар ба саволи хабарнигорон, ки оё барои шумо душвор набуд ҳам таҳсил дар донишгоҳи тиббӣ ва ҳам омодагӣ ба озмун, посух дод: “Агар инсон воқеан, чизеро сидқан хоҳаду ҷаҳду талош барои расидан ба он намояд, ба хостааш мерасад. Ман дар яке аз донишгоҳҳое таҳсил мекунам, ки воқеан душвор аст. Худи ҳамин рӯз саҳар ба ҷуфти якуми дарсҳо иштирок намуда, баъд ба озмун ҳозир шудам. Ва хушбахтона, аъзои ҳакамон баъди баромад намуданам изҳори хушҳолӣ намуданд. Ин суханони аъзои ҳакамон ба ман рӯҳу илҳоми тоза бахшид.

МУБОРАК БОШАД!

Шуъбаи тарбия


21.12.2020 466

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php