НБО-и Роғун-меваи боғи истиқлолият
Рӯзи 12-уми ноябр дар кафедраи фармакология бо иштироки омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни гурӯҳҳои 1 ва 2-юми факултети фармасевтӣ ва факултети тиббӣ машғулияти тарбиявӣ бахшида ба мавзӯи «НБО-и Роғун - меваи боғи истиқлолият» баргузор гардид. Мутасаддӣ оид ба корҳои тарбиявии кафедра Ҳилолова М. Ҳ. бо маърӯза баромад намуда, дар бораи аҳамияти энергетикӣ ва ирригатсионии НБО-и Роғун ибрози назар намуд.
Инчунин баромади донишҷӯён Ҳакимов Х. ва Комилова Д. оид ба ҳамин мавзӯъ шунида шуда, дар охир баҳси ҷолиб байни устодону донишҷӯён сурат гирифт.
Кафедраи фармакология