Наврӯзии донишгоҳ дар боғи ба номи устод Айнӣ
Фасли Наврӯзу баҳору соли нав омад кунун,
Гул зи гулшан, лола аз кӯҳсор меояд бурун...
Инак боз ба сарзамини аҷдодии мо баҳори файзбор қадам ниҳод. Ва табиат сабзу гулпӯш гашт. Ин фасл, ки онро "арӯси сол" низ мегӯянд, аз оғоз то ба анҷом тараб асту нишот. Хусусан, таҷлили ҷашнвораҳои ин айём. Ҳоло дар сар то сари мамлакати азизамон хурду калон, ҳама, бо самимияти беандоза Наврӯзи оламафрӯзро, ки бо саҳми сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аллакай Наврӯзи ҷаҳонӣ гаштааст, таҷлил менамоянд.
Санаи 21-уми марти соли ҷорӣ дар боғи фарҳангу фароғатии ба номи устод Садриддин Айнии шаҳри Душанбе аҳолии шаҳр, ба хусус истиқоматкунандагони ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷашни Наврӯзи дилафрӯзро бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд. Дар ҳар гӯшаю канори боғ муассисаҳои таълимию фарҳангӣ ва соҳаҳои касбу кори гуногунии ноҳия ин ҷашнвораро бо тайёрии хуб пешвоз гирифта, ҷамъомадагонро ба базмгоҳ хушомадед мегуфтанд.
Ба хусус, гӯшаи МДТ "ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино" бо дастархони идонаи ороста, ки "Ҳафтсин" ва "Ҳафтшин"-и бостониро муаррифӣ менамуд ва барномаи фарҳангии омода намудаи дастаи ҳунарии "Шифо-и назди Шӯъбаи фарҳанги донишгоҳ тавонист диққати ҳозиринро ба худ ҷалб намояд. Барнома бо суханронии барандаи чорабинӣ оғоз гардид. Сипас сурудҳои дар мавзӯъҳои Ватан, баҳор ва Наврӯз омода намудаи аъзои дастаи "Шифо" -Аҳмадзода Сӯҳбат, Бӯриев Билолиддин, донишҷӯёни ҳинду -Гифти Селвираҷ, Тинси, Ҷиҷо, Беной, Амрута аз тарафи раис ва муовинони раиси ҳукумати Исмоили Сомонӣ, меҳмонони ҷамъомада басо хуш пазируфта шуд. Барнома аз ҷониби шабакаҳои давлатии телевизионии кишвар наворбардорӣ гардид. Инчунин, донишҷӯёни мо-Гифти ва Тинси бо фараҳмандию мамнуният ба шабакаи телевизионии Тоҷикистон гузориш дода, мардуми Тоҷикистонро бо забони тоҷикӣ ба муносибати ҷашни Наврӯз муборакбод гуфтанд. Шоми ҳамон рӯз тариқи барномаҳои хабарии ТВ ба намоиш гузошта шуд.
Насима Сулаймонова, мутахассиси шӯъбаи фарҳанг
26.03.2020
706