НАМУНА ИБРАГИМОВНА – НАМУНАИ КОР

НАМУНА ИБРАГИМОВНА – НАМУНАИ КОР

Кафедраи бемориҳои дарунии № 3 яке аз кафедраҳои асосӣ ва бонуфузи донишгоҳ ба ҳисоб рафта, роҳбарии онро педагоги варзида, олимаи шинохтаи тоҷик, табиби ҳозиқ ва бешубҳа вориси арзандаи Синои бузург, доктори илмҳои тиб, профессор Мустафақулова Намуна Ибрагимовна бар дӯш доранд.

Ҳар субҳи содиқ омӯзгорони кафедра дар ҳузури мудири кафедраашон ҷамъ омада аз корҳои анҷомдодашон дар ҳузури муаллима бо сари баланд гузориш медиҳанд. Боиси ифтихор аст, ки дар баробари тарбияи касбӣ инчунин бо иштироки васеи омӯзгорону донишҷӯён ва магистрону унвонҷӯён барои баланд бардоштани тарбияи маънавию маърифатӣ ва ахлоқию сиёсӣ пайваста маҳфилҳои илмию адабӣ ва маърифатию сиёсӣ доир карда мешаванд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки омӯзгорони кафедраи мазкур дар баробари дигар ҳамкоронаш сиёсати оқилонаи роҳбарияти олии сиёсии кишварро дар самти арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик ҳаматарафа ҷонибдорӣ менамоянд. Ташкил намудани маҳфили «Зеҳни табиб» дар байни донишҷӯёни курси 6- уми факултети тиббӣ дар кафедра, ки бевосита ба намуди кори мустақилонаи донишҷӯ дохил мешавад, шаҳодати амалӣ намудани барномаҳои таълимии ба стандарти байналмилалӣ мутобиқ мебошад.

Таҷлили бошукӯҳи 700- солагии шоир Камоли Хуҷандӣ дар донишгоҳ, ки зери роҳбарии раиси Шӯрои занон, ҳамзамон омӯзгори варзидаи кафедра, номзади илмҳои тиб Ҳоҷиева Г.Б доир гардид аз фаъолияти босамари тарбиявӣ гувоҳӣ медод.

Роҳбарияти донишгоҳ барои фаъолияти босамари кафедра изҳори сипос намуда, барои пешбурди корҳои минбаъда ба ҲПО-и кафедра мувафаққиятҳоро орзу менамоянд.

Шуъбаи тарбия


3
2
1
22.12.2020 705

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php