Нақши занон дар пешбурди xомеа назаррас аст

Нақши занон дар пешбурди xомеа назаррас аст

1 апрели соли равон дар толори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои нақшаи амали “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022” ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ, масъулиятшиносӣ, сатҳи донишу малака, қобилияти ташкилотчигӣ ва ҷалби бештари занону духтарон ба вазифаҳои роҳбарикунанда бо иштироки муовинони ректори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оид ба тарбия, раисони шӯроҳои занону духтарони вазорату идораҳо ва муассисаҳо ҷаласа баргузор гардид. Аз МДТ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино низ намояндаҳо дар ин маҷлис иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳ. қайд намуд, ки мо дар арафаи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастем ва бояд дар ҳама самтҳо, дар вазорату идораҳо, дар муассисаҳо занону духтарон дар атрофи Пешвои Миллат сарҷамъ бошем, бо кору рафтор, афкори худ намунаи ибрат бошем. Нақшаи кории худро дида бароем, гурӯҳҳои корӣ, гурӯҳҳои гендерӣ ташкил намуда, тавассути воситаҳои ахбори омма оиди вайроншавии оилаҳои ҷавон, масъулияти падару модар, пешгирии зӯроварӣ дар оила, рӯй наовардан ба фарҳанги бегона баромад намоем.

         Муовини аввали Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурзода М. оиди таваxxуҳи махсуси давлат ва ҳукумат ба бонувони кишвар, ҷалб намудани занону духтарони лаёқатманд ба корҳои роҳбарикунанда фоизнокии кормандон аз ҳисоби занон дар мақомотҳои давлатӣ, дар мақомоти худидоракунӣ, дар Маҷлиси Олӣ, хизматчиёни давлатӣ, кадрҳои роҳбарикунанда гуфта гузашт. Дар соҳаи тандурустӣ дар соли 2020 – 68,0% бонувон кор мекарданд, ки ин хеле назаррас аст.

Шӯрои бонувон


05.04.2021 505

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php