Мизи мудаввар дар «Китобхонаи Миллии Тоҷикистон»
Дар муассисаи давлатии «Китобхонаи Миллии Тоҷикистон» 26 сентябри соли 2019 дар мавзўи «Нақши занон дар рушди илми тоҷик» мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ муовини директори МД «Китобхонаи Миллии Тоҷикистон» Раҷабова Салима, д.и.ф., профессори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадҷонова Муҳиба, д.и.т., профессори Академияи илмҳои Тиббии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустамова Меҳринисо, н.и.в. котиби илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Шоназар Ҷилваи Муносиб, сармутахассиси Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳлои Абдуализода суханронӣ карданд. Дар баромадҳо оиди саҳми занон дар рушди илми академияи тоҷик, дар илми муосири тиб, дар соҳаи илми кишоварзӣ дастовардҳои олимаҳои тоҷик, нақши онҳо дар илм қайд карда шуд. Дар охир, дар байни иштирокчиён мубодилаи афкор баргузор шуд.
Шўрои бонувон
03.10.2019
586