Мизи мудаввар дар хобгоҳи №5

Мизи мудаввар дар хобгоҳи №5

Мизи мудаввар дар хобгоҳи №5

        05.11. соли 2019 дар толори хониши хобгоҳи №5, ки асосан ҷавонони тибқи квотаи президентӣ таҳсилкунанда истиқомат доранд, мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Чумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Раиси Шӯрои бонувон Хоҷиева Г.Б. оиди Конститутсияи Чумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шиносномаи давлату миллат, сарчашмаи ҳамаи қонунҳои Чумҳурии Тоҷикистон, кафолати озодӣ, давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, аҳамияти таърихии он, дар тамоми ҷаҳон муаррифӣ гардидани он баромад намуд. Инчунин масъалаи пос доштани сулҳу субот дар мамлакат, шомил нашудан ба гурӯҳҳои экстремистӣ, риояи пӯшидани либосҳои тавсиявӣ низ баррасӣ шуд.

         Муовини декани донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда Иргашева Ҷ.З. дар бораи  масъалаи муҳим Конститутсия – роҳнамои давлат, ҳамчун эътирофи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, рушди Тоҷикистон, аккредитатсияи байналмилалии донишгоҳ суханронӣ намуд.

      Донишҷӯи курси 2 гурӯҳи 59 факултети тиббӣ Каримова А. ба суханҳои баромадкунандагон ҳамроҳӣ намуда дар хусуси маротибаҳои қабулшавии Коститутсия, бобҳо ва моддаҳо, муҳимтарин санади меъёриву ҳуқуқии он маълумот дод.

         Дар охири чорабинӣ саволу ҷавоб баргузор шуд.


 Г.Б.  Ҳоҷиева, сардори шӯрои бонувон, н.и.т. 

Ҷ.З. Иргашева, муовини декани донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда 

       


08.11.2019 48