Мизи мудаввар дар Академияи миллии илмҳо

Мизи мудаввар дар Академияи миллии илмҳо
Кори мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи байналмилалии бартарафсозии хушунат нисбати занон, таҳти унвони “Таҳлили коршиносии масъалаи хушунат алайҳи занон дар Тоҷикистон” 24 ноябри соли 2020 дар толори кафедраи фалсафаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Шӯрои занон ва кумитаи иттифоқи касабаи он оғоз гардид.
Суханрониҳои ифтитоҳӣ аз ҷониби Олимӣ Марҳабо – мушовири Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмадҷонова Муҳиба – раиси Шӯрои занони АМИТ, Содиқӣ Насиба Нурулло – раиси Кумитаи илм ва фарҳанги МО ММ ироа гардиданд. Оиди барномаҳои гендерии Тоҷикистон дар мубориза бо хушунат нисбати занон, маҳкум кардани зӯроварӣ нисбати зан дар фармудаҳои Қуръону ҳадис, ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар рафъи хушунат нисбати занон, муносибатҳои мутавозини оилавӣ ҳамчун асоси тарбия, намудҳои хушунат ва роҳҳои бартараф намудани он, баромадҳо шуд. Аз муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” раиси Шӯрои бонувон Ҳоҷиева Гулнора Бобоевна дар мавзӯи “Зӯроварӣ нисбат ба занон дар Тоҷикистон – таҳлили ҷанбаҳои тиббӣ” суханронӣ намуд. Чорабинӣ саволу ҷавобҳо љамъбаст гардид.
Шӯрои бонувон


27.11.2020 426

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php