Меҳмонии ҷавонон дар шаҳри Норак бахшида ба рӯзи Артиши Миллӣ ва таҷлили 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо дастгирии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сазовор таҷлил намудани ҷашни бошукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" меҳмонии ҷавонон ба шаҳри Норак ташкил гардид.

Дар меҳмонӣ ҷавонони фаъоли озмунҳои ҷумҳуриявӣ, сарбозону афсарон, адибон, омӯзгорон ва донишҷӯёни кишварҳои Ӯзбекистон, Ҳиндӯстон, Афғонистон, Туркманистон ширкат варзиданд.

Бояд қайд намуд, маросими гусели меҳмонон ба шаҳри Норак дар толори Ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо иштироки сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, раиси ноҳия Исмоили Сомонӣ, муовини аввалӣ итифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори бахши Раёсати кор бо ҷавонони ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба вуқуъ пайваст.

Қобили қайд аст, ки меҳмононро дар шаҳри Норак Раиси шаҳри Норак, муовинони раиси шаҳри Норак, Сардори бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Норак ва ҷавонону фаъолони шаҳри Норак хуш пешвоз гирифта, ба меҳмонон саёҳатро дар маконҳои таърихӣ, боғҳои фарҳангӣ, осорхонаи шаҳр ва сарбанди дарёи Норак ташкил намуданд. Ҳамчунин дар рафти саёҳат дар Кохи фарҳанги шаҳр барои меҳмонон маҳфили фарҳангӣ ташкил карда шуд, ки дар он донишҷӯёни хориҷии мо Гифти Селвираҷ бо хондани суруд ва Ҷавод Каримӣ бо баёни миннатдорӣ баромад намуданд.

Дар ин чорабинӣ аз МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» мутахсиси Шуъбаи кор бо ҷавонон Комрони А.Ш., донишҷўи курси 3-юми факултети тиббӣ аз Ҷумњурии Ҳиндустон Гифти Селвираҷ ва донишҷўи курси 6-уми факултети тиббӣ аз Ҷумњурии Афғонистон Ҷавод Каримӣ иштирок карданд.

Мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон Шарифов Қ.О.

Меҳмонии ҷавонон дар шаҳри Норак бахшида ба рӯзи Артиши Миллӣ ва таҷлили 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Меҳмонии ҷавонон дар шаҳри Норак бахшида ба рӯзи Артиши Миллӣ ва таҷлили 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Меҳмонии ҷавонон дар шаҳри Норак бахшида ба рӯзи Артиши Миллӣ ва таҷлили 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Меҳмонии ҷавонон дар шаҳри Норак бахшида ба рӯзи Артиши Миллӣ ва таҷлили 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Меҳмонии ҷавонон дар шаҳри Норак бахшида ба рӯзи Артиши Миллӣ ва таҷлили 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Меҳмонии ҷавонон дар шаҳри Норак бахшида ба рӯзи Артиши Миллӣ ва таҷлили 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Меҳмонии ҷавонон дар шаҳри Норак бахшида ба рӯзи Артиши Миллӣ ва таҷлили 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Меҳмонии ҷавонон дар шаҳри Норак бахшида ба рӯзи Артиши Миллӣ ва таҷлили 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Меҳмонии ҷавонон дар шаҳри Норак бахшида ба рӯзи Артиши Миллӣ ва таҷлили 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
26.02.2021 453

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php