Маълумот ба баргузории сӯҳбат-вохӯрӣ вобаста ба роҳҳои пешгирии «СOVID-19»

Маълумот ба баргузории сӯҳбат-вохӯрӣ вобаста ба роҳҳои пешгирии  «СOVID-19»

Тибқи нақша-чорабиниҳои Шуъбаи кор бо ҷавонони МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» бо мақсади маълумотнок намудани аҳоли доир ба моҳияти «СOVID-19» ва вазъияти имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ санаи 3-юми декабри соли 2020 дар хиёбони Рӯдакии ш.Душанбе, нақлиётҳои мусофиркашӣ истифодаи умум, ҷойҳои чамъиятӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва саҳни муассисаҳои шахсию давлатии хиёбонҳои марказии ш.Душанбе бо шаҳрвандону меҳмонони пойтахт дар мавзӯи «Роҳҳои пешгири аз коронавирус, риояи гигиенаи шахсию ҷаъмиятӣ» сӯҳбат-вохӯрӣ баргузор намуданд.

Дар доираи чорабинии мазкур волонтиёрони донишгоҳ зери роҳбарии мудири шуъба бо шаҳрвандону меҳмонони пойтахт сӯҳбату вохӯриҳо анҷом дода, доир ба бемории «СOVID-19», сироятёбӣ ва оқибатҳои он, инчунин роҳҳои пешгири аз сироятшавӣ иттилоъ дода, ҳамчунин ниқобҳои тиббӣ ва дастурамалҳои иттилооти оид ба пешгирии «СOVID-19» - ро тақсим карданд, ки он ба баланд бардоштани сатҳи огаҳии мардум ё худ ҷавонон оид ба ин бемори нақши муҳимро мебозад.

Бояд зикр намуд, ки шаҳрвандону меҳмонони пойтахт миннатдории худро ба роҳбарияти МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» ва волонтиёрони ихтиёрии он баён намуда қайд намуданд, ки ташкил ва баргузор намудани чунин сӯҳбат-вохӯрӣ дар шаҳру хиёбонҳои кишвар баҳри маълумоти бештар додан нисбати бемории «СOVID-19» ва роҳҳои пешгирии гирифтор шудан ба он мусоидат намуда, то андозае нигарони ва ба таҳлука афтидани мардумро нисбат ба ин бемори паст менамояд. 

Мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон  -  Шарифов Қ.О.


09.12.2020 433

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php