Маҳфили духтарони ҳунарманд
Пас аз гузаронидани вохӯрӣ бо донишҷӯдухтарони курси 1-уми факултети педиатрӣ санаи 5.11. соли 2020 аз байни духтарон шахсони эҷодкор, адабиётдӯст, ҳунарманд ҷудо карда шуданд. Оиди ҷиҳати фарҳангӣ, маърифатӣ,хонадорӣ, рӯзғордорӣ, зебоинпарастӣ сӯҳбат гузаронида шуд.
Аъзои фаъоли шӯрои бонувон Отабоева Моҳнура дар озмуни “Дастархонороӣ”, ки дар сатҳи ноҳиявӣ гузашта буд, иштирок намуда, сазовори ҷои намоён гашта буд, дар бораи худ ва фаъолият дар шӯрои бонувон ба духтарон посух дод.
Донишҷӯдухтарон аз фаъолияти шоирони муосир ба забони тоҷикӣ ва русӣ шеърхонӣ карданд ва ҳунарҳои худро муаррифӣ карданд.
Маҳфили “Адибони ҷавон” гузаронида шуд. Духтарони эҷодкор номнавис гардиданд: сурудхонҳо Нурматзода Ситора, Маҷитова Гулнора; шеърхонҳо Ҳасанова Рухшона, Раҳматова Ҳилола, Додарбекова Шамина, Назирова Шаҳло, Амрихудоева Камила, Раҳимқулова Дилноза, Сафарова Шукрона, Тошбоева Бибиҳоҷа, Пирматова Шаҳзода; гулдӯзӣ Сафарзода Малика; куртадӯзӣ Орипова Шоҳона, расмкашӣ Абдусаломзода Омина.
Шӯрои бонувон