Маҳфил дар хобгоҳи №4

Маҳфил дар хобгоҳи №4
28.09. соли 2019 дар хобгоҳи №4 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Абўалӣ ибни Сино маҳфили духтарони шеърдўст ва шеърнавис гузаронида шуд. Зокирова Дилдора донишҷўи курси 4 факултети тиббӣ шеърҳои тозаэҷоди худро дар бораи Ватан, муаллим ба духтарон пешниҳод намуд. Насимова Уразгул донишҷўи курси 5-и факултети тиббӣ шеъри бо забони ўзбекӣ дар васфи модар эҷодкардаи худро хонд. Як қатор духтарони аъзои маҳфил - Муаззамаи Зубайдулло, Турсунбоева Рухмина, Марзияи Бадриддин, Дадахоҷаева Рўзихон, Анорбоева Динара, Ҳабибова Гесўпарӣ, Рўъёи Талбакҷон, Ятимова Меҳринисо дар мавзўъҳои гуногун шеър қироат карда, хотири ҳамагонро болида намуданд.
На роҳат аз фалак ҷўям,
На давлат аз Худо хоҳам.
Агар пурсанд чӣ мехоҳӣ?
Ватан хоҳам, Ватан хоҳам!
Шўрои бонувон

03.10.2019 553

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php