Конференсияи VI-уми ТҶҶ “Созандагони Ватан”

Конференсияи VI-уми ТҶҶ “Созандагони Ватан”

Конференсияи VI-уми Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” бо иштироки васеъи вакилони ТҶҶ “Созандагони Ватан” рӯзи 3-юми феврали соли 2021 баргузор гардид. Дар кори он 216 вакил аз намояндагиҳои ташкилот аз вилояту шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Аз ҷумла, аз МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон Шарифов Қ.О., мутахсисони шӯъбаи кор бо ҷавонон Аюбов Д. Қ. ва Комрони А. Ш. ба ҳайси вакил иштирок карданд.

Дар кори конференсия муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон- иштирок намуда, сухан ронд.

Дар оғоз мақомоти кории Конференсияи VI Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” интихоб гардид.

Тибқи рӯзномаи конференсия ҳисоботи раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” аз соли 2019 то соли 2020 шунида шуд. Тавре дар ҳисобот Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ – раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан” қайд кард, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” корҳои мушахасс ва муайян анҷом дода шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ аъзоёни ташкилот дар маъракаҳои муҳимми сиёсӣ - интихоботи Парлумонӣ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзида, саҳми худро дар баргузории ин маъракаҳо гузоштанд.

Робита ва ҳамкориҳои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ин давра вусъати тоза касб намуда, бо ташкилотҳои кор бо ҷавонони Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, ташкилотҳои ҷавонони ҳизбҳои сиёсии “Единая Россия”, “Нур Отан”, “Ёни Озорбойҷон” ва дигар ташкилотҳои сиёсии кор бо ҷавонон ҳамкориҳо ба роҳ монда шуд.

Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ - Раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” аз чорабиниҳои сатҳи ҷумҳурявӣ ва иқдомоти байналмилалии ташкилот ҳарф зада, дар ин давра корҳои анҷомдодашударо ба манфиати ҷавонони мамлакат арзёбӣ намуд.

Дар музокира роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти Хатлон - Бобоев Беҳрӯз, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти Суғд - Саидов Фирдавсхон, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе - Ҳомидзода Насимҷон ва -роҳбари бахши ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Қувватзода Сайдулло Зувайд вобаста ба фаъолияти ташкилот ҳисобот дода, фаъолияти ташкилотро қаноатбахш арзёбӣ намуд.

Сипас оид ба фаъолияти Комиссияи назоратӣ тафтишотии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” сармуҳосиб - Қурбонзода Убайдулло ҳисобот манзур намуд.

Дар асоси талаботи Оинномаи Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ҷавонони фаъолу хештаншинос, ки ҳар кадоме дар соҳаҳои гуногун кору фаъолияти созанда доранд, аъзои Шӯрои Марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” интихоб шуданд.

Дар раванди кори конференсия роҳбарияти нави Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” интихоб гардид.

Аз ҷумла Аҳмадзода Оятулло Изатулло - ёрдамчии муовини якуми Раиси ҲХДТ, раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”; Изатуллои Ҳабибзод - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ муовини якум; Мунаввараи Бозоралӣ - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва Саидов Фирдавсхон Мирзосироҷович - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд муовинони раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан” интихоб гардиданд.

Ҳамчунин, дар кори конференсия Комиссияи назоратӣ-тафтишотии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон дар ҳайати 5 нафар интихоб шуданд.

Дар кори Конференсия муҳтарам Латифзода Асрор Қурбон - муовини Раиси ҲХДТ сухан ронда, нахуст аз номи Роҳбарияти Олии ҲХДТ ба Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ барои фаъолияти пурмаҳсул ба ҳайси раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” миннатдорӣ баён намуд. Изҳори боварӣ ва умед карда шуд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо роҳбарии Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” вусъати тоза касб намуда, дар доираи чорабиниҳои ҷашнии 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар бо ҳамдастӣ чорабиниҳои гуногун доир хоҳанд намуд. Сипас роҳбарияти тозаинтихоби Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-ро самимона табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаашон муваффақиятҳоро таманно намуд.

Дар идомаи суханронии худ муҳтарам Латифзода Асрор Қурбон -муовини Раиси ҲХДТ оид ба масъалаҳои иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа, саҳми онҳо дар додани иттилоот ба шаҳрвандон ҷиҳати сироят наёфтан аз бемории сироятии коронавируси нави КОВИД-19, дастгириву ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофопарастӣ, ташаббускору масъулиятшинос будан дар иҷрои вазифаҳои ба зиммадошта, шукургузорӣ аз давлатдории навини худ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ва дигар масъалаҳои муҳимми ҷомеа ҷавононро ҳидоят намуданд.

Латифзода Асрор Қурбон - муовини Раиси ҲХДТ аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳар як нафар бо рӯҳияи идона ва дастоварди назаррас бояд таҷлил намояд.

Илова ба ин муҳтарам Латифзода Асрор Қурбон - муовини Раиси ҲХДТ дар назди роҳбарияти тозаинтихоби ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва аъзои Шӯрои Марказии ташкилот як қатор вазифаҳои мушаххас гузошт.

Дар кори конференсия қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Зикр гардид, ки соли 2021 аз таъсисёбии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” 10 сол пур мешавад. Ба ин муносибат аз ҷониби ташкилот ба хотири муттаҳид намудани ҷавонон дар атрофии ғояи миллӣ “Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол - Ватани маҳбуби ҳамаи мо” чорабиниҳои гуногун роҳандозӣ хоҳанд гардид.

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Шарифов Қ.О.


Конференсияи VI-уми ТҶҶ “Созандагони Ватан”
Конференсияи VI-уми ТҶҶ “Созандагони Ватан”
Конференсияи VI-уми ТҶҶ “Созандагони Ватан”
05.02.2021 592

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php