Конференсияи ҷумҳуриявии «Саҳми занон дар рушди илм»

Конференсияи ҷумҳуриявии «Саҳми занон дар рушди илм»

       Дар толори маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.02. соли 2021 конференсияи ҷумҳуриявии «Саҳми занон дар рушди илм» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рузи байналмилалии занону духтарон дар илм баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ аз ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакатамон олимаҳо иштирок доштанд.

     Дар сухани ифтитоҳӣ Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳ.Ч ҳамагонро бо Рузи байналмилалии занону духтарон дар илм табрик намуд. Сухани табрикотии академик Фарҳод Раҳимӣ, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси ММ МОЧТ Мансурӣ Дилрабо доир гардид.

      Дар бахши 2 «Саҳми занон дар рушди илмҳои тиб» аз МДТ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино н.и.т. дотсент Ҳоҷиева Г.Б. дар мавзӯи «Ҷараёни клиникӣ ва гепатолиеналӣ дар миелолейкози музмин» бо презентатсия баромад намуда, ба саволҳои пайдошуда ҷавоб гуфт.

      Пас аз муҳокимаҳои баромадҳои илмӣ, қабули баёнияи конференсия, чорабинӣ бо супоридани Ифтихорномаву сипосномаҳо ҷамьбаст гардид.

      Ҳоҷиева Гулнора Бобоевна сазовори сипоснома гардид. Як гурӯҳ донишҷӯдухтарони курси 6 факултети тиббӣ Шарипова Ф., Садриддинова Г., Орипова Р. ва интернаи кафедраи бемориҳои дарунии №3 Ашуралиева Д. мавзӯьҳои илмии худро пешниҳод намуданд ва соҳиби сертификат гардиданд.

Шӯрои бонувон


13.02.2021 437

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php