Хониши сиёсӣ
Тибқи нақша-чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 2-юми марти соли 2021 дар толори бинои химиявии МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” бо иштироки донишҷӯёни факултети фармасевтӣ ва омӯзгорони донишгоҳ чорабинӣ зери унвони “Хониши сиёсӣ” баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон ва мутахассисони он, декани факултети фармасевтии донишгоҳ иштирок ва маърӯза намуданд.
Бояд қайд кард, ки дар чорабинии мазкур мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон Шарифов Қ.О., мутахассиси бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҳматова М., майёри милится аз ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Суфиев Р. ва донишҷӯи факултети фармасевтӣ Сатторова.Т. дар мавзӯҳои тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, маърифати сиёсию ҳуқуқӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, оворагардию кирдорҳои зиддиахлоқӣ, шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, одамрабоӣ, худкушӣ, сӯиқаст ба ҷони худ, хариду фурӯши одам, пешгирии нашъамандӣ, экстремизм ва тероризм ва дигар самтҳои афзалиятноки сиёсатӣ давлатии ҷавонон баромад ва маърӯза намуданд.
Қобили зикр аст, ки гузаронидани чунин чорабиниҳо бо иштироки васеъи ҷавонон дар самти пешгирии ҷавонон аз омилҳои номатлуб, даст назадани онҳо ба ҷинояту ҷинояткорӣ, худдорӣ намудан аз истифода бурдани шабакаҳои иртиҷоии хусусияти ифротӣ ва терористию экстремистидошта, ҳифз кардани Ваҳдати миллӣ ва сулҳу осоиштагӣ саҳми калон хоҳад гузошт.
Мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон - Шарифов Қ.О.