Хониши сиёсӣ

Хониши сиёсӣ

Тибқи нақша-чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори №6-и бинои нави таълимии МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” бо иштироки донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ чорабинӣ таҳти унвони “Хониши сиёсӣ” баргузор гардид. Дар он намояндагон аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва мутахассисони он, муовинони декани факултети тиббии донишгоҳ иштирок ва маърӯза намуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Шарифов Қ.О., мутахассиси бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҳматова.М. ва муовини декани факултети тиббӣ оид ба тарбия Бурҳонова З. У. дар мавзӯҳои тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, маърифати сиёсию ҳуқуқӣ, ташакули тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, оворагардию кирдорҳои зиддиахлоқӣ, шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, одамрабоӣ, худкушӣ, сӯиқаст ба ҷони худ, хариду фуруши одам, пешгирии нашъамандӣ, экстремизм ва тероризм ва дигар самтҳои афзалиятноки сиёсатӣ давлатии ҷавонон маърӯзаҳо намуданд.

Қобили зикр аст, ки бо иштироки васеъи ҷавонон гузаронидани чунин чорабиниҳо дар самти пешгирии онҳо аз омилҳои номатлуб, даст назадан ба ҷинояту ҷинояткорӣ, худдорӣ намудан аз истифода бурдани шабакаҳои иртиҷоии хусусияти ифротӣ ва терористию экстремистидошта, ҳифз кардани Ваҳдати миллӣ, сулҳу осоиштагӣ саҳми босазо хоҳад гузошт.

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Шарифов Қ.О.


15.02.2021 517

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php