ХОНИШҲОИ СИЁСӢ

ХОНИШҲОИ СИЁСӢ

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии табибон, фаҳмонда додани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ташвиқу тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик ва барои иҷрои дастуру супоришҳои ректори донишгоҳ, профессор Гулзода М.Қ. дар кафедраҳои клиникии донишгоҳ ҳафтаи «Хонишҳои сиёсӣ» гузаронида мешаванд. Чунин як чорабинии сиёсӣ санаи 11.03.2021 дар толори лексионии кафедраи бемориҳои дарунии № 3 бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорон, интернаҳо ва магистрони кафедраҳои бемориҳои дарунии № 3, анестизиология, асабшиносӣ, травматология, бемориҳои кӯдаконаи № 2 доир карда шуд. Чорабиниро мудири кафедраи бемориҳои дарунии № 3, профессор Мустафақулова Н.И. ҳусни оғоз бахшида, сипас сардори шуъбаи тарбия Абдураҳмонов З.В. дар атрофии таърихи пурғановати миллати тоҷик, роҳҳои мушкили ба даст овардани истиқлолияти комили давлатӣ, мушкилотҳои ҷаҳони муосир ва бархурди тамаддунҳо ибрози ақида намуданд.

Рахмонов Ҷасур – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ зимни баромади хеш аз дастовардҳои соҳаи тандурустӣ дар замони истиқлолияти давлатӣ, аз ҷумла саҳми табибони тоҷик дар мубориза ба муқобили бемории фарогири сироятии каронавируси навъи «COVID - 19» ва нақши табибонро дар Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусбат арзёбӣ намуданд.   Номбурда инчунин дар атрофии вазъи пурпечидаи ҷаҳони муосир ва беш аз пеш реша давондани терроризу экстремизм табодули назар намуданд.

Шарипова Лайло – мудири шуъбаи кор бо бонувони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба масъалаи таълиму тарбияи фарзанд ва нақши ҷомеа дар бартараф намудани паёмадҳои манфии ҷаҳонишавӣ диққат равона намуда буданд.

Дар охири чорабинӣ сардори шуъбаи тарбия Абдураҳмонов З.В. ба меҳмонон аз номи роҳбарияти донишгоҳ ҷиҳати баромади пурмуҳтавояшон изҳори сипос намуданд. Кори чорабинӣ бо зинда садо додани суруди миллӣ ҷамъбаст гардид. Ҳафтаи хонишҳои сиёсӣ дар дигар кафедраҳо идома дорад.

Шуъбаи тарбия


3
2
1
11.03.2021 451

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php