ХОНИШҲОИ СИЁСӢ

ХОНИШҲОИ СИЁСӢ

Паёми Пешвои миллат – роҳнамои зиндагии шоистаи мардум

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии табибон, фаҳмонда додани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ташвиқу тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик ва барои иҷрои дастуру супоришҳои ректори донишгоҳ, профессор Гулзода М.Қ. дар кафедраҳои клиникии донишгоҳ ҳафтаи «Хонишҳои сиёсӣ» гузаронида мешаванд. Чунин як чорабинии сиёсӣ санаи 08.04.2021 дар толори лексионии кафедраи тибби оилавии № 2 бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраҳои тибби оилавии №2, урология, онкология, психиатрия ва наркологияи ба номи профессор М. Ғуломов, бемории кӯдаконаи № 1 ва донишҷӯён доир карда шуд. Чорабиниро мудири кафедраи тибби оилавии №2 Ёдгорова М. ҳусни оғоз бахшида, сипас сардори шуъбаи тарбия Абдураҳмонов З.В. дар атрофии таърихи пурғановати миллати тоҷик, роҳҳои мушкили ба даст овардани истиқлолияти комили давлатӣ, мушкилотҳои ҷаҳони муосир ва бархурди тамаддунҳо ибрози ақида намуданд.

Сипас корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои олимони ҷавон Фируз Равшаналиев вобаста ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат маълумот пешниҳод намуданд. Зикр гардид, ки роҳбари давлат ба масъалаи тандурустӣ диққати аввалиндараҷа дода дар паёми имсолаи хеш ба тамоми кормандони ин соҳа барои муборизаи беамон ба муқобили бемории сироятии коронавируси нави навъи «COVID -19» изҳори сипос намуданд.

         Вохӯрӣ дар сатҳи баланди ташкили баргузор гардида, иштирокдорон барои гузаронидани он ба масъулин ибрози ташаккур намуданд.

Шуъбаи тарбия


08.04.2021 1537

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php