ХОНИШҲОИ СИЁСӢ ДАР КАФЕДРАИ ОТОРИНОЛАРИНГОЛОГИЯ
Бо мақсади фаҳмонда додани муҳтавои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии табибон ва тарғиби дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи 1- уми апрели соли равон дар кафедраи оториноларингология бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраи номбурда ва кафедраи бемориҳои чашм вохӯрии судманд баргузор гардид. Дар вохӯиии зикргардида инчунин донишҷӯён низ фаъолона ширкат варзиданд.
Абдураҳмонов З.В.- сардори шуъбаи тарбия зимни баромади хеш аз ҳадафҳои созандаи Ҳукмати мамлакат ибрози ақида намуда, амалӣ гардидани онҳоро дар меҳвари Паёми Пешвои миллат шарҳ доданд. Зикр гардид, ки бо баракати ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва фазои ороми Тоҷикистони соҳибистиқлол кишвари мо рӯ ба фардои дурахшон намуда истодааст. Аз бумбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ ва истиқлолияти энергетикӣ маҳз меҳваи шаҳдбори истиқлолияти давлатӣ маънидод карда шуд.
Шарифов Д.М.- волонтёри Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ, шунавандаи курси омӯзишии «Ҷавонон пайравони Пешвои миллат» зимни баромадашон аз вазъи печидаи ҷахони мосир ва ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ёдовар шуда, аз пайдо шудани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва беш аз пеш реша давондани хатари терроризму эктремизм маълумоти зарурӣ пешниҳод намуданд.
Кори чорабиниро мудири кафедраи оториноларингология Маҳмудназаров М.И. ҷамъбаст намуда, барои ташкили чунин як вохӯрии судманд изҳори сипос намуданд.
Шуъбаи тарбия