ХИЗМАТ БА ВАТАН – ҚАҲРАМОНИЮ МАРДОНАГИСТ

ХИЗМАТ БА ВАТАН – ҚАҲРАМОНИЮ МАРДОНАГИСТ

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии донишҷӯён ва дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намудани онҳо санаи 5-уми октябри соли ҷорӣ дар толори калони Донишгоҳ бо иштироки донишҷӯёни курси 3-юми факултети тиббӣ машварат – вохӯрӣ баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур мушовири калони Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Шарифзода Додхудо иштирок намуданд. Зимни баромади хеш номбурда дар атрофи вазъи пуртаззоди ҷаҳони муосир ва нақши ҷавонон дар бартарафсозии паёмадҳои манфии он маълумот дода, ҳифзи марзу буми аҷдодиро дар чунин вазъияти пешгӯинашавандаи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳим ва саривақтӣ маънидод намуданд. Дар охири вохӯрӣ мубодилаи афкор сурат гирифта, донишҷӯён ба саволҳои сершумори худ посухҳои мусбат гирифтанд.

Лозим ба ёдоварист, ки чорабинии мазкур дар байни донишҷӯён дар асоси нақшаи таҳиянамудаи шуъбаи тарбия дар ҳамкорӣ бо садорати факултетҳо ба роҳ монда шуда, то охири моҳ пайваста гузаронида мешавад.

ШУЪБАИ ТАРБИЯ ФАКУЛТЕТИ ТИББӢ



05.10.2022 953

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php