ИНЪИКОСИ МАҚОМИ ЗАН – МОДАР ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
«Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон ё 25,8 фоиз ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 фоиз зиёд мебошад. Шумораи занон дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 41,5 фоиз, вилоятҳои Хатлон қариб 35 фоиз, Суғд беш аз 33 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 34 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 30 фоиз расидааст. Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд. Ба ҳолати якуми январи соли 2021 аз шумораи умумии 19210 нафар хизматчиёни давлатӣ 4485 нафар ё 23,4 фоизро занон ташкил медиҳанд. Саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат торафт афзуда истодааст. Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд. Фаъолияти бонувон дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар низ назаррас буда, ҳоло шумораи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон 35600 нафар ва занони соҳибкор 77400 нафарро ташкил медиҳад. Ҷудо намудани қарз яке аз василаҳои беҳтар намудани шароити иқтисодии занон ва оилаҳо мебошад. Соли 2020 ба занону бонувони соҳибкор ба маблағи 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ қарз дода шудааст. Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад» - омадааст дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомоалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ.
Ба хотири ташвиқу тарғиби муҳтавои Паёми Пешвои миллат ва инчунин таҷлили Рӯзи модарон санаи 04.03.2021 бо иштироки сардори шуъбаи тарбия Абдураҳмонов З.В., раиси Шӯрои занону духтарон Ҳоҷиева Г.Б ва муовини декан оид ба донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда Иргашова Ҷ.З. дар хобгоҳи № 5-уми донишгоҳ вохурии судманд доир гардид. Дар рафти вохӯрӣ сардори шуъбаи тарбия Абдураҳмоноов З.В. бошандагони хобгоҳро аз номи роҳбарияти донишгоҳ ба муносибати Рӯзи модарон табрику муборакбод намуда, зикр доштанд, ки имрӯз таваҷҷӯҳи давлату ҳукумати мамлакат бахусус Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақому манзалати занону духтарон ба маротиб зиёд аст. Маҳз натиҷаи ин сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлат аст, ки шумо донишҷӯдухтарон аз тамоми минтақаҳои дурдасти кишвар дар чунин донишгоҳи бонуфузи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаед.
Раиси Шӯрои занону духтарони донишгоҳ Ҳоҷиева Г.Б диққати донишҷӯёнро ба одобу ахлоқи ҳамида ҷалб намуда, изҳор доштанд, ки дар ҷавоб ба ин ғамхориҳои сарвари давлат бояд ҷавоби мусбӣ гардонида, дар татбиқи сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат ва амалӣ гардонидани сиёсати давлатии ҷавонон бояд саҳмгузорӣ намоед. Дар охир муаллима бо шеърҳои эҷодкардаашон дар васфи модар ва баҳор қироат намуда, дили ҳозиринро шод гардониданд.
Муовини декан оид ба донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда Эргашова Ҷ.З. низ тамоми бошандагони хобгоҳро ба муносибати Рӯзи модарон таҳният гуфта, донишҷӯёнро ба хониши аъло ва риояи талаботиҳои дохилидонишгоҳӣ ва дохилихобгоҳӣ ҳидоят намуданд.
Дар навбати худ донишҷӯён ба роҳбарияти донишгоҳ барои фароҳам овардани шароити таҳсил дар донишгоҳ ва шароити зист дар хобгоҳи замонавӣ изҳори сипос намуда, қавл доданд, ки Паёмҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи хеш қарор медиҳанд.
Шуъбаи тарбия