Ҳифзи саломатии омма
«Солимии миллат – боигарии давлат».
Эмомалӣ Раҳмон
Солҳои охир ба шарофати барқарории сулҳу осоиштагии кишвар ва амалӣ шудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори ҳамаи соҳаҳо ба ҳифзи сиҳатии омма эътибори дучанд дода мешавад. Зеро, чуноне Сарвари давлат бамаврид зикр кардаанд, “Ҷомеаи солим аз фардҳои ҷисман ва рӯҳан солим ташаккул меёбад”
Имрӯз ба тарғибу ташвиқи донишҳои тиббӣ ва беҳтошт, оиди пешгирии бемориҳои сироятӣ, хизматрасонии босифати тиббӣ, баланд бардоштани масъунияти организми хусусан насли наврас ва пурқувват намудани генофонди миллат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим на танҳо бо гузаронидани лексияҳо, сӯҳбатҳо бо гурӯҳи муайяни одамон маҳдуд ва бартараф карда мешавад, балки вобаста ба талаботи муҳимтарини вазифаҳои нигаҳдории тандурустӣ пеш бурда шуда, ба муборизаи кам ва ё тамоман нест кардани касалиҳо, кам кардани муддати табобати беморон, пешгирӣ намудани касалиҳо, такроран бемор нашудани одамон мусоидат намояд ва ба ин восита пайваста баланд шудани сатҳи маданияти санитарии мардумро, ки бе ин муваффақ шудан ба тарзи зиндагии солим имконнопазир аст, таъмин мегардад.
Яке аз воситаҳои тарғиботӣ ин истифодаи ВАО радиову телевизион, гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ дар байни хонандагони синфҳои болоӣ ва донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо, омӯзишгоҳу коллеҷҳо ба шумор меравад .
Рӯзи 8 -уми феврали соли ҷорӣ муовини декани факултети тиббӣ Бурҳонова З.У. дар сабти барномаи ТВ “Душанбе HD” дар мавзӯи «Тамоку ва зарари он» иштирок доштанд. Барандаи ин барнома низ донишҷӯйи курси 2-юми факултети тиббӣ Холова Дилафрӯз буда, пахши он рӯзҳои ҷумъа баргузор мегардад.
Ҷ.Қ. Муҳаббатов, декани факултети тиббӣ, д.и.т., профессор