ИҚДОМИ НЕК ДАР АРАФАИ ҶАШНИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

ИҚДОМИ НЕК ДАР АРАФАИ ҶАШНИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,
Баркуру кар ар нуқта нагирӣ, мардӣ.
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.
Сухан оғоз намудан бо ин шоҳбайтҳои Рӯдакии бузугрвор айни муддао буда, хайру саховат ва дасти некӣ дароз кардан ба шахси оҷизе амали ҷавонмардист. Ва ҳамчунин ба дастуру супоришҳои сарвари давлатамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ин гуфтаҳои волои Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ тавъам мебошанд. Пешвои миллат, Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми суханрониҳои худ, хусусан дар Паёми имсолааш, ки санаи 26-уми декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, таъкид месозад, ки табақаи осебпазири ҷомеа ба мисоли ятимону бепарасторон, маъюбону камбизоатон ҳамеша зери ғамхории давлату ҳукумати Тоҷикистон қарор доштанд ва хоҳанд дошт.
Такя ба гуфтаҳои боло Раёсати МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҲХДТ дар ноҳияи и. Сомонӣ ба Муассисаи давлатии «Маркази Минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони ш. Душанбе» санаи 27-уми декабри соли ҷорӣ ба муносибати ҷашни Соли нави мелодӣ кӯмаки хайриявӣ (озуқа) ҳамчун туҳфаи солинавӣ тақдим намуданд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки дар рӯзи дастрас гардонидани кӯмаки хайриявӣ мутахассисони Шуъбаи тарбия ва фарҳанг дар якҷоягӣ бо сардори шуъба Файзов Э.М. ширкат карда, дар толори фарҳангии муассиса як ҷамъомади хуби фароғатие низ баргузор намуданд. Ҳамчунин, аъзои дастаи ҳунарии «Шифо»-Отабоева Моҳнура, Ғаюрова Шукрона, Раҷабова Юля ва Аҳмадзода Суҳбат бо барномаи фарҳангию фароғатии омода намудаи худ хотири аҳли ҷамъомад, хусусан бошандагони муассисаи мазкурро болида сохтанд.
Дар интиҳо аз ҷониби кормандон ва бошандагони Муассисаи давлатии «Маркази Минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони ш. Душанбе» ба роҳбарияти МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҲХДТ дар ноҳияи и. Сомонӣ ба хотири чунин иқдоми некашон ва баргузор намудани як чорабинии фарҳангии хотирмони Шуъбаи тарбия ва фарҳанги донишгоҳ изҳори миннатдорӣ карда, аз раёсати донишгоҳи тиббӣ хоҳиш намуданд, дар оянда низ чунин чорабиниҳои фароғатию фарҳангиро бештар дар муассисаи номбурда ба роҳ монанд, то ин ки ин табақаи ҷомае низ дар дунёи худ каме болидахотир гарданд.
Илова бар ин аз ҷониби Раёсати МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» ва Ташкилоти ҲХДТ дар ноҳияи и. Сомонӣ ба 100 оилаи камбизоату ниёзманд маводи хӯрока, аз қабили орд, биринҷ ва қанду равған тақсим карда шуд.
Мутахассиси Шуъбаи тарбия ва фарҳанг Насима Сулаймонова

28.12.2019 727

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php