ДИН ВА ҶАҲОНИ МУОСИР
Масъалаи бо суръати баланд пеш рафтани ҷаҳони муосир ва бархурди тамаддунҳо дар ҳаёти инсоният дигаргуниҳои куллиро ба миён овардааст. Яке аз проблемаҳои ҷаҳони муосир, ки олами ислом ба он рӯ ба рӯ шудааст ин хатари ифротгароӣ ва тероризму экстремизм мебошад.
Сиёсишавии дин, ки яке аз хатарҳои асосииҷаҳони муосир мебошад, аз сенарияи «бархӯрди тамаддунҳо» сарчашма мегирад.Вақте кӯдак ва дигар қишри ҷомеа ба хулоса расиданд, ки роҳи ҳалли мушкилот зӯроварӣ аст, онҳо фундаменталист мешаванд. Фундаментализм бошад ҷустуҷӯи ҳақиқатҳои мутлақ мебошад. Аз ин рӯ ҷӯянда дар аксарияти маврид ҷаҳонбинии динӣ касб мекунад , чунки танҳо динҳо дорои ҳақиқатҳо ва ё худ аҳкоми мутлақ ҳастанд.
Сиёсишавии Ислом аз нигоҳи олими барҷастаи тоҷик Абдуллозода Ш аз замоне оғоз гардид, ки муборизаҳои миллию озодхоҳӣ бар зидди давлатҳо ва қудратҳои мустамликадорӣ оғоз шуданд. Нерӯи муборизи ислом дар ин задухурд коройии худро нишон дод. Вале бо ҳамин энерсия сиёсишавии ислом ба манфиати худи Ислом ва давлатҳои исломӣ нест.
Масалан дар худи ватани Ислом Арабистони Саудӣ низ хонадони Оли Сауд аз хатари исломиёни худиву бегона бе ташвиш нест, аз ҳамин хотир як гарнизони низомиёни Амрико дар он ҷо ҷойгир аст, то ин, ки мусулмононро аз мусулмонон ҳифз намояд. Воқеаҳои баҳори араб- ҷангҳои Ироқу Сурия, воқеаи нангини давлати Яман худ мисоли таърихи муосиранд. Ин талош ва хоҳиши душманони Ислом аст, то Исломро дар ҷабҳаи хушунату зурӣ, дур аз нақши исломи маънавӣ нигоҳ доранд ва бо ин роҳ сиёсати исломҳаросиро ба роҳ монанд.
Яке аз маъруфтарин пешвои ҳаракати миллӣ озодхоҳӣ ва бузургони дини ҳиндуия Маҳатама Гандӣ, ки таъкид ба диндории амқии худ кардааст, дар арафаи ба дастории истиқлолияти Ҳиндустон гуфта буд: « Ман қасами вафодорӣ ба дини худ хурдаам. Ман ба марг ва барои вай ҳозирам. Аммо ин кори шахсии ман аст. Давлат ба ин ҳеҷ муносибате надорад. Давлат дар бораи некуаҳволии дунявии шумо, саломатии шумо, роҳву тароварии шумо, муносибатҳои хориҷӣ, асъор ва ғайраро ғамхорӣ мекунад, на дар мавриди дини ману шумо. Ин ташвиши шахсии ҳар шахс аст. Ё мисоли дигар нахуствазири Ҳиндустони соҳибистиқлол Ҷ. Неру секуляризмро чунин тавзеҳ дода буд: «Дар конститутсияи мо чунин навишта шудааст, ки Ҳиндустон давлати дунявӣ мебошад. Ин ба маънии бединият нест, балки фақат эҳтироми баробар ба ҳамаи динҳо ва имконияти якхела барои ҳамаи онҳое, ки ба ягон дин эътиқод доранд мебошад» .
Ислом дини ақлу дониш аст ва онро бояд ба таври ҳақиқат пай бурд. Исломро замоне ҳифз карда метавонем, ки он ба воситаи ақл ва таълимоти ақлигароёна пайдо шудааст ва онро инсоният қабул кардааст ва ҳақиқати онро пай мебарад , вале натиҷаи бо қатлу ғорат ва баҳонаи ғасб намудани ин ё он сарзамин ва бо зурӣ онро ҷорӣ намудан натиҷаи ифротгароиро пайдо менамояд.
Таърих гувоҳ аст, ки падидаи ифротгароӣ боис гардид, ки дар асри Х давлати абарқудрати тоҷикон давлати Сомониёнро аз байн бурда буд, ҳол он, ки он аз ҷониби ягон давлати абарқудрати он замон барҳам хурда натавонист. Бузургони он давра А. Берунӣ, А. Сино, А. Рудакӣ, А. Фирдавсӣ ва баъдтар Носири Хусрав, Ҳофизу Саъдӣ ва дигаронро аҳли куффор мехонданд. Замони ҳукумати сулолаҳои турк ифротгароӣ ба авҷи аъло расида буд. Ғазнавиёну Салҷуқиён ва Темуриён бо ҳар баҳона ва ифротгарои аҳли илми тоҷикро нест мекарданд.
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва дунявии ҷавонон раёсати донишгоҳ чорабинипҳои зиёдро ба нақша гирифта, амалӣ намуда истодааст. Чунин як вохӯрии судманд бо иштироки донишҷӯёни факултети тиббӣ санаи 15 – уми апрели соли равон дар толори китобхонаи МТ шаҳраки «Шифобахш» доир карда шуд. Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи пажӯҳиши исломи муосири Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Нурулҳақов Қ. иштирок намуда, дар атрофии арзишҳои миллӣ ва ҳифзи онҳо аз хатарҳои хурофотҳои динӣ, нақши ҷавонон дар бартараф намудани пайёмадҳои манфии ҷаҳони муосир ва таҳдиди терроризму экстремизм ба амнияти давлатҳои ҷаҳон изҳори андеша намуданд.
Дар охир байни донишҷӯён ва намояндаи маркази номбурда саволу ҷавоб ба миён омада, табодули афкор карда шуд.
Абдураҳмонов З.В. – сардори шуъбаи тарбия кори вохӯриро ҷамъбаст намуда, аз номи роҳбарияти донишгоҳ ба роҳбарияти Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳамкории судманд изҳори сипос намуданд.
Шуъбаи тарбия