ДИЛО НАЗДИ КАСЕ БИНШИН……
Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким дар меҳмонии МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино»
Ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни байналмилалии Наврӯзи Аҷам ва тарбияи хештаншиносии ҷавонон бо ташаббуси шуъбаи тарбия дар ҳамкорӣ бо факултети фармасевтӣ санаи 12.03.2021 дар толори лексионии кафедраи кимиёи фармасевтӣ ва заҳршиносӣ бо иштироки донишҷӯёни факултет маҳфили шеърхонии Шоири халқии Тоҷикистон устод Аскар Ҳаким баргузор карда шуд.
Дар маҳфили зикргардида устод Аскар Ҳаким шеърҳои эҷодкардаашоро дар васфи баҳор, Наврӯзи Аҷам, зан- модар, ишқу муҳаббати ҷавонӣ ба саҳми ҳаводорон расонида, дили иштирокдоронро шод намуданд. Шеърҳои эҷодкардаи профессор Раҷабов У.Р. дар мавзӯъҳои зикргардида ба маҳфил ҳусну таровати иловагиро замъ намуданд.
Шуъбаи тарбия
Факултети фармасевтӣ