ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷавонон, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намудани насли ҷавон ва бо ҳамин ҳадаф ба донишҷӯён фаҳмонда додани мӯҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба донишҷӯён санаи 13- уми феврали соли 2021 дар толори лексионии ба номи Б. Исҳоқии шаҳраки «Шифобахш» бо иштироки васеи донишҷӯёни курси дуюми факултети тиббӣ вохӯрии судманд доир гардид. Дар вохӯрии зикргардида доктори илмҳои таърих, профессори Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон Собирова Қ.Д. иштирок намуда, ба донишҷӯён дар атрофии ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумати кишвар зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҳамаи самтҳои дар Паём нишон додашуда муфассал маълумот пешниҳод намуданд.

Дар охири вохӯрии мазкур сардори шуъбаи тарбия Абдураҳмонов З.В. изҳори сипоси роҳбарияти донишгоҳро ба профессор Собирова Қ.Д. ҷиҳати ташриф ва ҳамкорӣ намудан бо Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино баён намуданд.

Шуъбаи тарбия


15.02.2021 442

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php