ДӮСТИРО ҶУСТУҶӮ ДОРЕМ МО……
Ба истиқболи сазовор пешвоз гирифтани 30- солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми тарбиявии донишгоҳ чорабиниҳои зиёдро рӯи даст гирифта истодааст. Ба ҳамин ҳадаф бо ташаббуси шуъбаи тарбия дар якҷоягӣ бо кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ санаи 30.03.2021 чорабинии тарбиявӣ- фарҳангӣ таҳти унвони «Муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон дар давраи соҳибистиқлолӣ» баргузор гардид. Дар чорабинӣ донишҷӯёни тоҷику ҳинду бо забонҳои тоҷикӣ, ҳиндуӣ ва англисӣ баромад намуда, маҳфили шеъру сурудхониро дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ бо маҳорати баланд иҷро намуданд.
Дар охири чорабинӣ сардори шуъбаи тарбия Абдураҳмонов З.В. баромад намуда, ба донишҷӯёну омӯзгорон барои ташкили чунин чорабиниҳо аз номи роҳбарияти донишгоҳ изҳори сипос баён намуданд.
Шуъбаи тарбия