ЧУ ТАНЗИМ ШАВАД РАСМУ ОИНИ МО

ЧУ ТАНЗИМ ШАВАД РАСМУ ОИНИ МО

Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  13 сол сипарӣ гардид. Таҷриба собит сохт, ки иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба танзим даровардани ҷашну маракаҳо тавассути қонуни миллӣ бениҳоят саривақтӣ ва амри зарурӣ буд.

Аҳамияти қонуни мазкурро Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин баён доштанд: «То расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, бо қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи  камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шудан наметавонем».

Бояд зикр намуд, ки яке аз санадҳои муҳимме, ки ба ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии мардуми Тоҷикистон дигаргунӣ ва таҳаввулот бахшид ва бешубҳа самараи марҳилаи соҳибистиқлолӣ мебошад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аст. Агар гӯем, ки Қонуни мазкур нахустин қонуни миллӣ аст ва шабеҳи он дар дигар кишварҳои олам дида намешавад, иштибоҳ нахоҳем кард, зеро он ба дарназардошти пешниҳоду муроҷиатҳои сершумори шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки тайи солҳои тӯлонӣ ба анъанаҳою маъракаҳои нолозим ва гирифториҳои зиёде пойбанд буданд ва аз ин мушкилотҳо раҳоӣ меҷустанд, ба тавсиб расид.

Раёсати МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» бо мақсади фаҳмонидани муҳтавою моддаҳои асосии Қонуни мазкур ва амалӣ гардидани бандҳои он дар байни кормандону донишҷӯён силсила-чорабиниҳоро рӯи даст гирифта истодааст. Бо ҳамин ҳадаф санаи 7- уми апрели соли ҷорӣ дар толори лексионии ба номи Б. Исҳоқӣ вохӯрии сармутахассиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Диловар бо донишҷӯёни факултети стоматологӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ моҳият ва мазмуни қонуни номбурда ва бо ҳамин роҳ амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифт. Донишҷӯён ба саволҳои сершумори худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

         Шуъбаи тарбия


08.04.2021 645

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php