Чорабинӣ бо донишҷӯдухтарони курси якуми факултети нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ

Чорабинӣ бо донишҷӯдухтарони курси якуми факултети нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ
19.12. соли 2019 дар асоси нақшаи мулоқоту вохӯриҳои Шӯрои бонувон дар шаҳраки «Шифобахш» бо донишҷӯдухтарони факултети нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ чорабинӣ гузаронида шуд.
Ҳоҷиева Г.Б. пеш аз ҳама донишҷӯдухтаронро барои соҳиб гаштанашон ба унвони донишҷӯи табрик намуда, дар баромади худ диққати ҳозиринро бо дастовардҳои замони истиқлол, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, омилҳои устувории оилаҳои ҷавон, сабабҳои пошхӯрии оилаҳо, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии занону ҷавондухтарон, мавқеи занон дар зинаи идоракунии давлатӣ, пешгирии бемории ВНМО, рушди илм ва инноватсия дар донишгоҳ, арҷгузори ба рамзҳои давлатӣ, хатари падидаҳои номатлуб, одоби хуби инсони, худшиносиву худогоҳи, сулҳу оромии кишвар дар ҷомеа ҷалб намуд.
Шӯрои бонувон

21.12.2019 114