ЧАШМИ ДУШМАН КӮР БОД!
Касе, ки иштибоҳ кард бахшида мешавад касе, ки хиёнат кард бахшида намешавад. Албата ин гуфтаҳои болоӣ асоси воқеӣ доранд. Барои ҳар як инсон дар тӯли таърих Ватан, модар, забон ва миллат аз ҳама болотар буда, арзиши бебаҳотарин ба ҳисоб мерафт. Инсоният барои озодии миллату Ватани хеш пайваста мубориза мебурд ва ҳатто ҷони худро низ нисор мекард.
Тоҷикон, ки қадимтарин маскунони Осиёи Марказӣ буданд чӣ қадар гармиҳою сардиҳои таърихиро пушти сар намуда буданд. Муборизаи истиқлолиятхоҳонаи ин миллати куҳанбунёд даст дод, ки тоҷикон тавонистанд Ватани аҷдодии хешро аз зулми аҷнабиён озод намоянд. Давлати абарқудрати Сомониён тамоми тоҷиконро гирди ҳам овард, вале душманони бедонишу бесуннати биёбонгард аз нав истиқлолияти тоҷиконро ваҳшиёна барҳам доданд. Ақлу заковати азалӣ тоҷиконро ҳамроҳ буд то бо донишу маърифати аҷдодӣ забону миллати хешро ҳифз намоянд.
Баъди ҳазорсолаҳо офтоби бахту иқболи саодат ба рӯи миллати азияткашидаи тоҷик аз нав хандид. Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намуд. Мутаасифона душманони миллат ва аҳримансириштони бадбин дар ин давра низ мехостанд тоҷикони соҳибтамаддунро бе Ватан намоянд. Хушбахтона тоҷикон бо роҳбарии Исмоили Сомонии замони хеш Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд аз нав миллати худро эҳё намоянд.
Имрӯзҳо Тоҷикистон ба ояндаи дурахшони хеш қадами устувор гузошта истодааст. Аммо гурӯҳҳои манфиатхоҳ дар хориҷи мамлакат бо роҳбарии Заҳҳоки асри 21 маскан гирифта, миллату давлати тоҷиконро мехоҳанд бо пулу моли муфти хоҷагони хеш иваз намоянд. Кабирии хоин бешубҳа аз насли Чингизхони ғаддор ва Қутайбаи маккор аст, зеро дар хуни аҷдодии ориёиёнаи тоҷикон чунин тахрибкорию бадбинӣ нест- чунин хулоса намуданд донишҷӯёни курси дуюми факултети тиббӣ баъди тамошои филми мустанади «Хиёнат» дар толори лексионии ба номи М. Ғуломов.
Шуъбаи тарбия