Баргузории Маҷлиси умумии Намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ҳошияи таҷлили ҷашни Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо итминон метавон гуфт, ки маҳз дар давраи навини давлатдорӣ халқи тоҷик бо ташаббуси сарвари сулҳовари худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои шабонарӯзиашон тавонистанд парчами Ватани азизамонро дар олам партавфишон намоянд. Низоми давлатдориро дар кишвар устувор созанд, шохаҳои ҳокимиятро таҳким бахшанд ва дар барпо намуданаи чунин як давлати соҳибихтиёру дунявӣ ба дастовардҳои беназири илм, фарҳанг ва технология ноил гарданд. Давоми ин ду даҳсола сарзамини биҳиштосои мо беш аз пеш ободу зебо гардида, талошҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар, бахусус ҳизби ҳоким, барои пешрафти миллату давлати тоҷик заминаи мустаҳкаме фароҳам оварда истодааст. Низомномаю нақшаҳои кории ҳизби мазкур дар робита ба ҳаёти рӯзмарраи мардуми кишвар мураттаб гардида, равшангари мушкилоти ҷомеаи имрӯзи мост.
Дар ин робита, 28-уми августи соли 2020 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Маҷлиси умумии Намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» ба муносибати 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Мақсад аз баргузории ин ҷамъомад дар он буд, ки намояндагони кумитаи дар боло зикршуда миёни омма як суҳбати ошкоро оид ба масоили ҳаррӯзаи ҳаёти эшон дошта бошанд. Ҳамчунин, нақши ҷавононро дар таҳкими густариши сулҳу ваҳдати миллӣ, пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва шукуфоии кишвар баён созанд.
Тибқи мактуби аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба унвонии Ректори МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» муҳтарам Гулзода М.Қ. ирсолшуда, рӯзи 28.08.2020 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ аз ҷониби Шуъбаи фарҳанги донишгоҳ дар якҷоягӣ бо Шӯрои занон ва духтарон, Осорхонаи донишгоҳӣ ва Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» барои дар сатҳи баланди ташкил ва хотирмон баргузор гардидани чорабинии мазкур намоишгоҳи беҳтарин дастовардҳои илмӣ-амалии донишгоҳ дар замони истиқлолият ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ ба роҳ монда шуд.
Чорабинӣ бо иштироки васеъи шахсиятҳои касбу кори гуногуни шаҳри Душанбе, бахусус ноҳияи Исмоили Сомонӣ, баргузор гардид. Пеш аз оғози ҷаласа меҳмонон ва намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз намоишгоҳ боздид карданд. Диққати меҳмононро гӯшаи марбут ба МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» ба худ ҷалб кард. Зеро дар ин намоишгоҳ дастовардҳои илмӣ, амалӣ ва назариявӣ, доруҳои аз гулу гиёҳҳои шифобахши кишвар омоданамуда ва ҳунарҳои мардумии дастранҷи ҲПО ва толибилмони донишгоҳ ба маърази намоиш гузошта шуда буданд. Аз ҷониби иштирокчиёни ҷамъомад сазовори баҳои баланд низ гардид.
Ваҳдати мо Тоҷикистонро мунаввар кардааст,
Нури Ваҳдат тоҷиконро тоҷбарсар кардааст.
Насима Сулаймонова Мутахассиси шуъбаи фарҳанг