Аёдати хонаи маъюбон дар Муассисаи давлатии «Шифохонаи шаҳрии парастории ҳамшираҳои шафқат»

Аёдати хонаи маъюбон дар  Муассисаи давлатии «Шифохонаи шаҳрии парастории ҳамшираҳои шафқат»

Шуъбаи кор бо ҷавонон дар ҳамҷояги бо КИКД – и донишгоҳ бо мақсади тарбияи ҳисси раҳму шафқат дар насли ҷавон ва расонидани кӯмак ба ниёзмандон санаи 3-юми декабри соли 2020 зери унвони аксияи «Аёдати хонаи маъюбон» аз бошандагони Муассисаи давлатии «Шифохонаи шаҳрии парастории ҳамшираҳои шафқат» дидан намуданд.

Қобили зикр аст, ки гуруҳи волонтёрон иборат аз 35 нафар таҳти роҳбарии мудири Шуъба бо маъюбони ятиму бепарастори Муассисаи давлатии «Шифохонаи шаҳрии парастории ҳамшираҳои шафқат»-и шаҳри Душанбе вохӯрӣ баргузор намуданда дар рафти он ба ин табақаи ниёзманд як қатор маводҳои ниёзи аввалияро ба мисли ниқобҳои тиббӣ, маҳлули антисептикӣ, уребчаҳо, собуни дасту рӯйшӯи, хокаи ҷомашӯи, қоғази ташноб ва маҳсулотҳои хӯрокаву пӯшока тақдим намуданд.

Бояд қайд намуд, ки донишҷӯён бо баргузор намудани чорабинии фарҳангӣ ба дилу дидаи ин табақаи ниёзманди ҷомеа ҷой гардидаанд, ки аз чеҳраи хандон ва хушҳолии эшон ҳувайдо буд.

Мавриди зикр аст, ки дар ҳакиқат дидан намудан аз чунин марказҳо, суҳбат ва ҳамнишинӣ бо ин зумра ниёзмандон барои тарбияи ахлоқии ҷавонон саҳми арзанда мегузорад. 

Мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон        - Шарифов Қ.О.


5
4
3
2
1
09.12.2020 836

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php