Артиши миллӣ – ҳомии давлат
Санаи 12-ум ва 13-уми феврали соли равон кормандони шуъбаи тарбия ва фарҳанги донишгоҳ-сармутахассис Ҳафизов Т.С. ва мутахассиси шуъба Мирзои Саид дар толорҳои хониши хобгоҳҳои донишҷӯёни №№ 4, 5, 7 бо донишҷӯёни хобгоҳҳои болозикр бахшида ба 27-солагии Артиши миллӣ вохӯрӣ баргузор намуданд. Мутахассисони шуъба донишҷӯёнро бо фарорасии Рӯзи Артиши миллӣ табрик ва муборакбод намуда, қайд карданд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ва Қувваҳои мусаллаҳи он имрӯзҳо 27-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар ин давра ба як нерӯи тавоно ва ниҳоди пурқудрат табдил ёфт, ҷашн мегиранд. Артиши миллӣ дар даврае таъсис ёфт, ки ояндаи давлати мустақили тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт. Он чӣ аз замони Шӯравӣ боқӣ монда буд, тавони ҳимоя кардани як давлату миллати мустақилро надошт, зеро Қувваҳои мусаллаҳ дар шароите таъсис ёфт, ки мисли дигар давлатҳои собиқ Шӯравӣ ҳиссаи меросии худ – яроқу аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва заминаҳои моддию техникӣ, инчунин инфраструктураи низомӣ ва пойгоҳи асосии зарурӣ надошт. Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон он рӯзҳои сангин дар барпо кардани сохти конститутсионӣ, мубориза бар зиддӣ дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, ба эътидол овардани авзои ҷомеа ва барҳам задании кӯшишҳои гуруҳҳое, ки қасди табаддулоти давлатиро доштанд, саҳми бориз дорад. Тӯли 27-сол мешавад, ки афсарону сарбозони Артиши миллӣ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт, мактаби мардонагӣ ва муборизаву набардҳои сангин сарбаландона гузашта, барои ҳифзи обу хоки сарзамини аҷдодӣ ва ҳимояи дастовардҳои Истиқлолият хизмати содиқонаву арзандаи худро ба ҷой оварданд. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯз мо дар фазои дӯстиву рафоқат ва субботу оромӣ ҳаёт ба сар бурда, ҳар як санаи хотирмонро бо пешравии давлату миллат дар сиёсату иқтисодиёт, фарҳангу маданият ва илму маориф ҷашн мегирем. Ҷавонони имрӯзи тоҷикро месазад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ҷои шомил шудан ба гуруҳҳои ифротӣ бояд дар ҳифзи ватану миллати хеш саҳм гузоранд, зеро Тоҷикистонро ба ҷуз фарзандони бонангу номуси диёр, содиқ ба Ватан, каси дигар ҳифз намекунад.
Сипас, миёни дорнишҷӯён ва кормандони шуъба дар доираи таъсисиёбии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ва шарту шароити хизмати ҳарбӣ саволу ҷавобҳо ба миён омад. Ҷамъомадагон аз суханрониҳои муаллимон қаноатманд гардиданд ва барои ташкили чунин як ҷамъомади пурмуҳтаво изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Шуъбаи тарбия ва фарҳанг
14.02.2020
1062