60-солагӣ муборак, устод!
Дар ҷаласаи навбатии раёсат, ки рӯзи 29 январ баргузор гашт, ректори донишгоҳ, профессор М.Қ.Гулзода дотсенти кафедраи биохимия Маҳмалӣ Қодирович Гуловро бо ҷашни 60-солагии зодрӯзаш табрику таҳният гуфта, ба соҳибҷашн мукофоти пулӣ ва Ифтихорномаи раёсат ва Кумитаи иттифоқи касабаи донишгоҳро супурд, ки дар он омадааст: Маҳмалӣ Қодировичи муҳтарам, Раёсат ва Кумитаи иттифолқи ксабаи кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷашни фархундаи 60-солагии зодрӯзатонро ба Шумо самимона муборакбод мегӯянд. Метавон гуфт, ки Шумо умри азизи худро фидои таълиму тарбияи насли ҷавон сохтаед ва бештар аз ин ифтихори онро дорем, ки тақдири худро давоми қариб 30 сол ба Донишгоҳи тиббӣ пайваста, дар таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисони ҷавони соҳаи тиб саҳми бузург гузоштаед. Шумо солҳои зиёд дар вазифаҳои ассистент(1990-97), муллими калон (1997-2008) ва дотсенти кафедраи биохимияи донишгоҳ (аз соли 2008 инҷониб) бомуваффақият фаъолият намуда, дар байни шогирдон ҳамчун устоди мумтоз ва олими пухтакор ном баровардаед. Ҳамчун олими сермаҳсул муаллифи зиёда аз 140 таълифоти илмӣ, аз ҷумла 20 дастури илмию методӣ мебошед, ки ба масоили гуногуни илми биохимия бахшида шуда, имрӯз ҳам ҳамчун таълифоти пурарзиш дар байни олимон ва мутахассисони соҳа қимати зиёдеро соҳиб мебошанд. Хизматҳои бисёрсолаи Шумо ҳаққонӣ бо унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2016) ва дигар мукофоту Ифтихорномаҳо қадр карда шудаанд. Умедворем, ки Шумо ҳамчун устоди варзида ва олими нозукбин минбаъд низ таҷрибаи ғании кориатонро ба таълиму тарбияи мутахассисони ҷавони соҳаи тиб ба таври самарабахш сарф менамоед.
29.01.2020
1508