«ҶАШНИ НАВРӮЗУ БАҲОРУ СОЛИ НАВ ОМАД КУНУН»
«Ҷашни Нарӯз зодаи хирад, андеша, ҷаҳонбинӣ, тафаккури бузурги гузаштагони мост ва маҳз ҳамин дараҷаҳои ахлоқию фалсафиро ҷомеаи мо, ки имрӯз аз ҳарвақта дида бештар ба онҳо ниёзманд аст, дар ниҳоди худ дорад»
Эмомалӣ Раҳмон
Наврӯзи Аҷам яке аз куҳантарин ҷашни башарият буда, дар таърихи фарҳанги миллии тоҷикон аз ниёгони шуҳратёраш то ба имрӯз мерос омадааст. Ин ид ҳамчун ҷашни бедоршавии табиат, баробарии шабу рӯз ва ивазшавии як фасл ба фасли дигар муаррифӣ гардидааст. Чӣ тавре ки дар боло аз нутқи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намудем, ҷашни Наврӯз инъикосгари андешаю тафаккур ва ҷаҳонбинии волои гузаштагони мо-мардуми ориёитабор ба шумор меравад. Ва хушбахтона, бо ташаббуси сарвари олии тоҷикони ҷаҳон, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таърихи 18-уми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид санади “Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз” ба тасвиб расид. Ва тибқи он ҳамасола санаи 21-уми март ин ҷашн ҳамчун “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” дар тамоми ҷаҳон таҷлил мегардад, ки инро метавон боиси ифтихор шумурд.
Дар ин робита, ба хотири арҷгузорӣ ба суннатҳои оламшумули ниёгонамон санаи 16.03.2021 дар «Боғи зимистона»-и МТ шаҳраки «Шифобахш»-и МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» ҷашни Наврӯзи Аҷам баргузор шуд. Нақша-сенарияи чорабинӣ аз ҷониби бахши маркетинги иҷтимоӣ дар якҷоягӣ бо Хадамоти ректори донишгоҳ омода гардид. Дар чорабинӣ муовини аввали ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ибодзода С.Т., муовини ректори оид ба тарбия н.и.т., дотсент Қурбонбекова П.Қ., сардори бахши коргузории Хадамоти ректор, н.и.т., дотсент Ворисов А,А. мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ д.и.фалсафа, профессор Саидов А.С., мудири кафедраи забони тоҷикӣ д.и.филологӣ, профессор Қосимов О.Ҳ., сардори Шӯрои занони донишгоҳ н.и.т., дотсент Хоҷаева Г.Б. ва устодону донишҷӯёни кафедраҳои донишгоҳ ширкат доштанд.
Сараввал, аз ҷониби муовини аввали ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ибодзода С.Т. сухани табрикотии ректори донишгоҳ, муҳтарам Гулзода М.Қ. ба муносибати ҷашни ҷаҳонии Наврӯз ба аҳли толор ироа шуда, сипас тибқи Нақша-сенария чорабинӣ ифтиттоҳ гардид.
Боиси зикр аст, ки дар ин ҷамъомад узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ворис Назарзода ба ҳайси меҳмони фахрӣ ширкат варзида, бо шеъру суханҳои баландмазмуни худ табъи ҳозиринро болида сохт.
Ҳамзамон, дигар намояндагони раёсат ва кафедраҳо дар навбати худ оид ба бузургии ин ҷашн суханрониҳо намуда, оид ба таърихи ҷашни Наврӯз нуқтаҳои муҳими илмиро ба саҳми ҷамъомадагон расониданд. Қайд кардан ба маврид аст, дар чорабинӣ устодону донишҷӯёни кафедраҳои фанҳои ҷомеашиносӣ, забони тоҷикӣ, биология бо асосҳои генетика ва кормандони Китобхонаи донишгоҳ фаъолона иштирок карда, хони Наврӯзӣ, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва дигар расму оинҳои наврӯзӣ ва намоиши китобҳоро пешкаши ҳозирин намуданд.
Барномаи фарҳангию фароғатии омода намудаи бахши маркетинги иҷтимоии Хадамоти ректори донишгоҳ дар якҷоягӣ бо аъзои дастаи «Шифо», ки бештари онҳоро донишҷӯёни хориҷӣ фаро гирифта буданд, ба ҷамъомад фазои хосаи идонаю фарҳангӣ бахшида, аз ҷониби кулли ҳозирин бо қаноатмандию хушҳолӣ пазируфта шуд.
Дар рафти чорабинӣ Шӯрои занони донишгоҳ дар якҷоягӣ бо бахши маркетинги иҷтимоӣ ва кафедраҳои болозикр миёни донишҷӯён озмуни «Кадбонуи беҳтарин»-ро баргузор намуданд ва аз ҷониби аъзои ҳакамон донишҷӯи курси 4-уми факултети тиббӣ барои пешниҳоди таомҳои баҳорӣ ғолиби озмун дониста шуд.
Дар интиҳо, ба як қатор кормандони шабакаҳои телевизионию радиоӣ ва устодону донишҷӯёни фаъол аз ҷониби раёсати донишгоҳ ифтихорномаю туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Чорабинӣ аз ҷониби шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Душанбе HD» ва радиои «Фарҳанг» сабт гардида, пахши он тавассути бахшҳои хабарӣ ва барномаҳои махсусӣ идона дар назар аст.
Бахши маркетинги иҷтимоии Хадамоти ректори донишгоҳ