Забон ифтихори миллат аст

Забон ифтихори миллат аст

Забон ифтихори миллат аст
Таърих
Дар нимаи дуюми солҳои 80-ӯми асри XX баъд аз саршавии равандҳои демократикунонии ҷомеа дар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҷунбишу созмонхои миллӣ-демократӣ ба миён омаданд. Сиёсати ошкорбаёнӣ имоконият фароҳам овард, ки камбудиҳои сиёсати коммунистии замони шӯравӣ оид ба масъалаи баробарҳуқуқии миллатҳои ИҶШС дар ҷомеа баррасӣ ва муҳокима шаванд.
Дар Тоҷикистон масъалаи асосӣ муайян намудани мақоми забони тоҷикӣ дар ҷомеа гардид. Бояд гуфт, ки дар давоми с-ҳои 1965-1985 масъалаи мақоми забони тоҷикӣ дар ҷомеа ягон маротиба дар сатҳи роҳбарикунандаи ҳизбию давлатӣ ва муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор нагирифта буд. Баръакс, онҳо сиёсати руссикунонии ҷомеаи ҷумҳуриро (бевосита, бо нишондоди роҳбарияти ҲКИШ -КПСС) амалӣ мегардониданд. Дар натиҷаи ин гуна сиёсати якҷониба, мавқеи забони тоҷикӣ маҳдуд гардида вазифаҳои ҷамъиятиву тарбиявӣ ва маърифативу фарҳангии он дар ҷомеаи тоҷикон коста мегардид. Истифодаи забони тоҷикӣ асосан дар гуфтугузори кӯчагиву дохили оилавӣ ба назар мерасид. Ин муаммои ҷамъиятӣ боиси эҳё гардидани ҳисси миллии халқи тоҷик гардид. Дар ҳамаи гушаву канори мамлакат мардум дар маҷлисҳо, ба воситаи матбуот, оинаи нилгун ва радио андешаҳои худро оид ба мақоми забони тоҷикӣ баён менамуданд. Гарчанде, баъзеҳо талаб мекарданд, ки дар баробари забони тоҷикӣ ба забони русӣ ҳам мақоми давлатӣ дода шавад, вале аксарият ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда пешниҳод мекарданд, ки дар ҷумҳурӣ ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад. Зери чунин «фишори» оммавӣ роҳбарияти коммунистии ҷумҳурӣ мачбур шуд, ки оиди ин масъала чораҳо андешад.
Баргузории Рӯзи забон
22 июли соли 1989 дар Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонуни забони тоҷикӣ (форсӣ)» қабул карда шуд. Тибқи қонун забони тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ мақоми давлатиро гирифт. [1]
Аз соли 1989 то соли 2009 дар ҷумҳурӣ 22 июл ҳамчун «Рӯзи забон» ҷашн гирифта мешуд. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади минбаъд такмил додани қонунгузории ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ” - ро қабул кард. 5 октябри соли 2009 баъд аз имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонуни номбаргардида он ба амал даромад.
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", тағйирот даровард ва рӯзи 5 октябр - Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.10.09 с., № 699) эълон шудааст.[2] Манбаъ: https://tg.wikipedia.org/wiki/ Рӯзи_забони_давлатии_Ҷумҳурии_Тоҷикистон
Бахшида ба «Рўзи забон» дар саҳни донишгоҳ воқеъ дар ш.Шифобахш намоиши васеи адабиёт ташкил карда шуд. Ба диққати омўзгорон ва донишҷуён вобаста ба мавзўи намоиш адабиётҳои тозанашр ба монанди: Вожаномаи тиббӣ, Фарҳанги тибби ниёгон, Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ ва адабиёти бадеӣ, пешниҳод карда шуд. Адабиётҳои дар намоиш гузошта шуда:
Вожаномаи тиббӣ [Матн] : луғат. Ч. 1, 2. / У. Қурбон, А. Раҷабзод ; ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино. - Душанбе : Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Точик, 2014. - 808 с., 814 с. - ISBN 9789997582522
Олимов, М. О. Фарханги ихтисороти руси-точикии истилохоти харбию тибби [Текст] : лугат / М. О. Олимов, Х. Н. Каримов ; ДДТТ ба номи А.И.Сино. ВМ. - Душанбе : [б. и.], 2012. - 224 с. –
Расули, М. Я. Русско-таджикско-английский медицинский словарь [Текст] = Фарханги пизишкии руси- точики- англиси = Russian- tajik- english medical dictionary : словарь. Т. 1 (А- М) / М. Я. Расули, А. А. Ахмадов ; МЗ РТ. - Душанбе : Хумо, 2006, ; Душанбе : Ватанпарвар, 2007 ; Душанбе : Маориф ва фарханг, 2008. - 734 с. - ISBN 97899947710035 :
Фарханги забони точики (аз асри X то ибтидои асри XX) [Текст] : фарханг. Т. 2. / ред. : М. Ш. Шукурова [и др.]. - М. : Советская энциклопедия, 1969. - 947 с.
Фарханги имлои забони точики [Текст] : фарханг / Кумитаи забон ва истилохоти назди Хукумати ЧТ ; ред. : Д. Саймиддинов. - Душанбе : Шарки озод, 2013. - 320 с. - ISBN 9789994790845 :
Фарханги англиси-точикии идоракунии оммавии има: назарияи ва амалияи [Текст] : словарь. - Душанбе : Ирфон, 2005. - 416 с. 81.2 англ.-тадж./Ф25-ХР
Фарханги руси- точики ва точики- русии истилохоти акушерию гинекологи ва перинатологи [Текст] : фарханг / сост. : Ш. М. Курбонов [и др.]. - Душанбе : [б. и.], 2010. - 260 с. -
Фарханги тафсирии забони точикй [Текст] : словарь. Чилди 1,нашри 2 / зери тахрири. Н. Сайфиддин . - Д. : [б. и.], 2010. - 996 с. - ISBN 978-99947-69-39-1 81.2 /Ф25 -ХР
Фарханги тафсирии забони точикй [Текст] : словарь. Чилди 2,нашри 2. - Д. : [б. и.], 2010. - 1095 с. - ISBN 978-99947-69-40-7
Фарханги тибби ниёгон [Текст] : фарханг / ДДТТ ба номи А.И.Сино ; сост. : У. А. Курбон , А. Рачабзод. - Душанбе : МдСи ЭМТ, 2016. - 776 с. - ISBN 978-99947-337-3-6
Рудакй, Абуабдуллохи. Ашъори мунтахаб [Текст] : поэзия / А. Рудакй. - Душанбе : Маориф ва фарханг, 2008. - 146 с. - ISBN 978-99947-58-13-5 , ва ғайра.
Китобхонаи илмӣ

09.10.2019     38