Семинари китобдорон

Семинари  китобдорон

15 октябри  с.2019  дар  толори Медиатекаи китобхонаи илмӣ  семинари  китобдорон таҳти унвони «Хизматрасонии китобдорӣ-иттилоотӣ, ҳамчун элементи сифати таълим ва китобхонаҳои электронӣ» бахшида ба «80 солагии  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино», ташкил карда шуд.

Дар семинарии мазкур рохбарони китобхонаҳои  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи давлатии техникӣ ба номи М.Осимӣ, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат ва директори Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон Мусоев Ю.  иштирок намуданд.

Дар семинар кормандони китобхонаи илмии донишгоҳ бо маърузаҳо оид ба   масъалаҳои  пуррагардонии фонди китобхона  дар шароити бозорӣ, пойгоҳҳои маълумотии электронӣ, ҳамчун манбаи муҳими ташаккули фонди китобхона, дастрасии электронии ҳуҷҷатҳо   яке аз роҳҳои хизматрасонии абонементи байникитобхонаҳо, хадамоти китобхонавӣ-иттилоотӣ  ва библиографӣ дар мисоли   Китобхонаи илмии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, баромад намуданд.

 Иштирокчиёни семинар бо фаъолияти китобхонаи илмии донишгоҳ, бо навгониҳо дар хизматрасонӣ ва такмилу коркарди адабиёт, дастрасии захираҳои электронӣ,  аз наздик шинос гардиданд. Дар рафти чорабинӣ ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳо дода шуд.

Китобхонаи илмӣ



21.10.2019 602

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php