Санҷиши фаъолияти таълимӣ - методии кафедраи эпидемиология
Дар санаи 12. 02 соли 2019 санҷиши фаъолияти таълимӣ-методии кафедраи эпидемиология инчунин, мониторинги сифати таълим гузаронида шуд.
Дар кафедраи эпидемиология донишҷӯёни курсҳои 3-юм, 4-ум ва 6-уми факултети нигаҳдории тандурустии ҷамиятӣ (НТҶ), донишҷӯёни курсҳои 5-уми факултети тиббӣ, 4-уми факултети стоматологӣ аз фаннҳои зерин эпидемиология, эпидемиологияи биостатистикӣ, эпидемиологияи ҳарбӣ дарс гузаронида мешавад. Ҳамзамон 2-нафар аспирантон (соли 1-ум) ва 2-нафар унвонҷӯён корҳои илмиашонроро тибќи мавзӯҳояшон иҷро менамоянд.
Дарсҳои амалӣ ва кори мустақилонаи донишҷӯён аз навиштани рефератҳо аз рӯи мавзӯҳои нақшавӣ иборат мебошад.
Дар кафедраи эпидемиология барои донишҷуён аз тарафи профессорону омӯзгорон зиёда 30 адабиёти таълимӣ - методӣ таҳия шудааст.
С.С. Субҳонов, Сардори бахши сифати таълим ва рушди омӯзгор, н.и.т., дотсент