Омодагии кафедраҳои донишгоҳ барои ширкат дар олимпиадаҳои навбатӣ

Омодагии кафедраҳои донишгоҳ барои ширкат дар олимпиадаҳои навбатӣ Ҷиҳати омода намудани донишҷӯён ба олимпиадаи навбатӣ, дар кафедраи физикаи тиббӣ бо мудирони кафедраҳои фанҳои ҷомеашиносӣ, химия, забонҳои хориҷӣ, забони тоҷикӣ, биологияи тиббӣ ва физикаи тиббӣ масъалаи омода намудани донишҷӯён баррасӣ гардид. Сараввал муовини ректор оид ба таълим, д.и.т., профессор Ибодзода С.Т. аз олимпиадаҳои солҳои гузашта ёдоварӣ намуда, сипас фикру андешаҳои мудирони кафедраҳоро оид ба олимпидаҳои навбатӣ шуниданд. Мудирони кафедра ҳама бо як овоз вуҷуд надоштани шаффофиятро дар олимпиадаҳо зикр намуда, якчанд пешниҳод ироа намуданд: 1. Дар олимпиада донишҷӯёнро ба самти тахассусӣ ва ғайритахассусӣ ҷудо намоянд; 2. Олимпиада дар минтақаи нейтрал ва ё дар Маркази тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад; 3. Донишҷуёнро барои омода намудан 10 рӯз пеш аз оғози олимпиада аз дарсҳо озод намоянд; 4. Донишҷӯёне, ки ҷойҳои ифтихориро сазовор мешаванд (ҷойҳои 1, 2, 3) қадрдонӣ зиёдтар карда шаванд; 5. Донишҷӯёне, ки иштирок мекунанд онҳо низ қадрдонӣ карда шаванд; 6. Барои омода намудани донишҷӯён омӯзгор (роҳбар) бо як маоши вазифавӣ қадрдонӣ карда шавад; 7. Донишҷӯёне, ки дар олимпиадаҳо иштирок ва ҷойҳои ифтихориро мегиранд, дар имтиҳон иштирок карда, аз ҳамон фанни таълимӣ баҳои аълои механикӣ ва аз дигар фанҳо аз тарафи Маркази ягонаи тестӣ як бал ҳадя карда шавад; 8. Дар олимпиада аз ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аъзои ҳакамон интихоб карда шаванд; 9. Дар олимпиада саволҳо аз МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” ворид карда шавад.

 Муовинати таълим


17.01.2020 75