Меҳмонон аз Литва дар МОМА
Рӯзи 27 январ чор нафар устодони Донишгоҳи илмҳои тиббии Литва (ш. Кау-нас, Ҷумҳурии Литва), иштирокчиёни конфронс-семинари илмӣ дар мавзӯи “Прин-сипҳои раванди Баллонӣ ва ифодаи он дар таҳсилоти тиббӣ”, аз Марказ диданд карданд. Меҳмонон дар доираи татбиқи лоиҳаи “Модернизатсияи таҳсилоти олии тиб-бӣ дар асоси раванди Балонӣ дар МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” дар до-нишгоҳ ҳузур доранд. Ба ҳайати намояндагон муовини сардори шуъбаи равобити байналмилалии Донишгоҳи илмҳои тиббии Литва Шарлаукас А., сармутахассисони шуъбаи эдюкатсияи инноватсионӣ Илона Лукошевичюте-Норейкене ва дотсент Йо-нас Чепонис, директори клиникаи ҷарроҳӣ профессор Жилванас Дамбраускас до-хиланд. Меҳмонон бо ҳамаи ҳуҷраҳои таълимии Марказ ва толори лексионӣ шинос шуда ба шароити кор, таъминоту таҷҳизот ва фаъолият дар Марказ баҳои баланд доданд. Меҳмононро сардори Шуъбаи равобити байналмилалии донишгоҳ Додхо-ев Ҷ.С. ва сармутахассиси Шуъбаи равобити байналмилалии донишгоҳ Эгамназа-ров Ҳ.Н. ҳамроҳӣ мекарданд.
Ҷ.Н. Усмонов, директори Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ
30.01.2020
795