КОНФЕРЕНСИЯИ КЛИНИИКӢ БАХШИДА БА БЕМОРИИ COVID-19
Санаи 13 декабри соли 2021 дар кафедраи бемориҳои дарунии №3 бо иштироки кормандони кафедра, духтурони беморхона, ординаторони клиникӣ ва интернҳои кафедра, донишҷӯёни курси 6 аз гурӯҳи 43 то 54 бахшида ба бемории COVID-19, штамҳои нави ин беморӣ ва маълумотҳои омории тамоми ҷаҳон конференсияи клиникӣ баргузор гардид.
Маърӯзачии аввал омӯзгори кафедра Шоназарова М. дар бораи мафҳуми пайдоиш ва равиши бемории коронавирус, штаммҳои нави ин беморӣ ва нишондодҳои омории ин беморӣ дар тамоми ҷаҳон маълумоти муфассал дод.
Ординатори беморхона Ҳаитов Ш. дар бораи ҳолат аз таҷриба бо ташхиси “Пневмонияи полисегментарии сабабаш коронавирусӣ” маърӯза намуд.
Д.и.т., профессор Мустафақулова Н.И. дар бораи “Пневмонити интерстетсионалии сабабаш коронавирусӣ ва оризаҳои тромботикӣ”-и он маълумоти мухтасар дод.
Байни маърӯзачиён ва иштироккунандагони конференсия мусоҳиба барпо гардида, он хеле ҷолиб ва пурмазмун гузашт.
Сипас раиси конференсияи клиникӣ, мудири кафедра н.и.т., дотсент Уроқов К.З. оид ба мавзӯъи муҳокимашуда тавсияҳои муфид дода, қайд намуд, ки дар кафедра оиди равиши бемории SARS COV, оризаҳои тромботикии он барномаҳои муваққатӣ аз нашр баромадаанд.
Кафедраи бемориҳои дарунии №3