Иштирокчиёни семинари ҷумҳуриявӣ дар МОМА

Иштирокчиёни семинари ҷумҳуриявӣ дар МОМА

Рӯзҳои 17-19 июни соли 2019 бо мақсади иҷрои «Нақшаи амалисозии «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» дар соли 2019», «Нақшаи стратегияи рушди кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) аз рӯи принсипҳои тибби оилавӣ барои солҳои 2016-2020» дар асоси банди 10-и Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №148 тасдиқ карда шудааст, семинар - давраи омӯзишӣ барои маъмурият, муҳосибот ва кормандони ҳоҷагидории муассисаҳои табобатию профилактикии ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Мукаммалсозии иқтидори идоракунии шабакаи муассисаҳои тандурустӣ доир ба барӯйхатгирию истифодаи мақсадноки бино, иншоотҳо, воситаҳои асосӣ ва молу маводи камарзиш» баргузор гардид.

Сарпарасти семинар -лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - марҳилаи баромад (Лоиҳаи «Сино») аз ҷониби намояндагии Донишкадаи тиббии тропикӣ ва тандурустии ҷамиятии Швейтсария дар ҶТ. Барандаи семинар - мушовири байналмилалии Лоиҳа, мутахассиси хориҷӣ, Дитер Хорнебер.

Рӯзи 18 июни соли 2019 иштирокчиёни семинар - ба Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ омаданд. Меҳмонон аз ҳамаи ҳуҷраҳои таълимӣ ва толори лексионии Марказ диданд карданд. Онҳо бо кормандони Марказ дар бораи барӯйхатгирии молу амвол, тарзи рақамгузории молу амвол, ҷобаҷогузории дастгоҳҳо ва таҷҳизоти таълимӣ дар ҳуҷраҳо ва анборҳо, нигоҳубини дурусти маводи таълимӣ, ҳуҷҷатнигории ҳоҷагидорӣ, идоракунӣ ва истифодаи самараноки заҳираҳои моддии марказ сӯҳбат гузарониданд. Сипас таҳти роҳбарии барандаи семинар, мутахассиси хориҷӣ Дитер Хорнебер, меҳмонон гуруҳ ба гуруҳ тақсим шуда, дар ҳуҷраҳои таълимии марказ машқ гузарониданд. Машқи онҳо аз харитасозии ҳуҷра ва гузаронидани барӯйхатгирии молу амвол дар ҳуҷра иборат буд. Иштирокчиёни семинар – кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тиббии оилавӣ», «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим», «Донишкадаи таҳсили баъдидипломии кадрҳои соҳаи тибб», кормандони «Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббии ш. Душанбе» ва «Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб», муҳосибон ва менеҷерони шабакаҳои муассисаҳои КАТС оид ба хоҷагидории ноҳияҳои Восеъ, Конибодом, Рӯдакӣ, Турсунзода, Файзобод, Ҳамадонӣ, Шаҳрнав ва ғайраҳо - ба шароити Марказ ва донишгоҳ баҳои баланд доданд.

 

Ҷ.Н.  Усмонов, Директори Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ 

 


21.06.2019 843

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php