Имтиҳонҳои хатми ординаторони клиникии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

 Имтиҳонҳои хатми ординаторони клиникии ДДТТ  ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Рӯзҳои 25-26 июни соли 2020 тибқи фармоиши ректори донишгоҳ, дар Маркази омӯзиши малакаҳои амалии донишгоҳ давраи якуми имтиҳонҳои хатми (иҷроиши малакаҳои амалии касбӣ) ва давраи дуюми имтиҳонҳои хатми (шифоҳӣ аз ихтисос) ординаторони клиникӣ таҳти роҳбарии Раиси комиссияи имтиҳонӣ - директори Озмоишгоҳи кишти селлулаҳои бунёдӣ, д.и.т, профессор Юнусов И.А., муовини раис - муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ н.и.т., дотсент Қобилов Қ.К, аъзои комиссияи имтиҳонӣ ва имтиҳонгирандагон - му-дирону профессорони кафедраҳои дахлдор бо риояи талаботҳои зиддиэпиде-микӣ баргузор гардиданд.
Ординаторони клиникӣ аз ихтисосҳои зерин имтиҳонҳои хатмро супори-данд: акушерӣ ва гинекология 15 нафар, анестезиология ва реаниматология 2 нафар, бемориҳои дарунӣ 8 нафар, кардиология 3 нафар, бемориҳои кӯдакона 3 нафар, бемориҳои сироятии кӯдакона 2 нафар, дерматовенерология 3 нафар, неврология 10 нафар, оториноларингология 7 нафар, офталмология 9 нафар, травматология 4 нафар, урология 8 нафар, ҷарроҳӣ 25 нафар, ҷарроҳии кӯдако-на 1 нафар, ҷарроҳии асаб 2 нафар, эндокринология 9 нафар. Ҳамагӣ 111 нафар ординаторони клиникӣ дар имтиҳон иштирок доштанд. 
Барои ҳар як муҳассилин дар марҳилаи якум билет бо чор намуди мала-каҳои амалӣ ва дар марҳилаи дуюм билет бо се саволи назариявӣ аз ихтисос ва як масъала мавқеӣ (ситуатсионӣ) пешниҳод карда шуданд. Дар давраи якум ба-рои ҳар як малакаи амалӣ то 5 хол, ҷамъ - то 20 ҳол; дар давраи дуюм барои ҳар як савол то 10 ҳол, ҷамъ - то 40 ҳол ва дар маҷмуъ, дар ду давраи имтиҳонҳои хатми ординаторони клиникӣ то 60 ҳол муқаррар гардидааст. 
Ҳамаи ординаторони клиникӣ холҳои гузаришро ба даст оварда, им-тиҳонҳои хатмро бо муваффақият супориданд. 
Усмонов Ҷ.Н. Директори Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ н.и.т.

Имтиҳонҳои хатми ординаторони клиникии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Имтиҳонҳои хатми ординаторони клиникии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Имтиҳонҳои хатми ординаторони клиникии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
26.06.2020 969

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php