ДАВРИ АВВАЛИ ИМТИҲОНҲО ДАР МОҚ

ДАВРИ АВВАЛИ ИМТИҲОНҲО ДАР МОҚ
Дар Маркази омодагии қаблӣ рӯзҳои 25 ва 27 декабр даври аввали имтиҳонҳо аз рӯи компонентҳои А ва Б гузаронида шуд. Бори аввал имтиҳони тахассусиро тибқи талаботҳои ММТ аз субтестҳои забони давлатӣ (34хол -75 бал), биология (36хол-150 бал), химия (36хол-200 бал) ва физика (36хол- 75 бал) дар маҷмуъ 142 хол – 500 бал гирифтем. Натиҷаи имтиҳонҳо аз рӯи субтестҳои нав натиҷагирӣ шуда баъди таътил шунавандагон гуруҳбандӣ карда мешаванд. Рафти имтиҳон ошкор сохт, ки ҳануз ҳам ёфт мешавад, шунавандагоне, ки дар пур кардани индикатор ба хатогиҳо роҳ медиҳанд ва аз вақт дуруст истифода бурда наметавонанд. 
Маркази омодагии қаблӣ

28.12.2019 133